17:55 28 июли 2017
Пахши мустақим
Тӯҳфа Фозилова актрисаи шинохтаи тоҷик

“Тӯҳфа Фозилова – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик”

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Имрӯз Вазорати фарҳанги Тоҷкистон бахшида ба 100-солагии Тӯҳфа Фозилова мизи мудаввар баргузор кард. Дар ҳамоиш намояндагони фарҳанг, олимону санъатшиносон, адибону театршиносон ва мутахассисони соҳаи театр иштирок доштанд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи "Туҳфа Фозилова — арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик" баргузор гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мизи мудаввар олимону санъатшиносон, адибону театршиносон ва мутахассисони соҳаи театр иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 100-солагии  Ҳунарпешаи халқии СССР Туҳфа Фозилова дар кишвар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2017" баргузор мешавад.

Бино бар гузориши муовини аввали Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб сатҳи касбии иштирокчиёни имсолаи фестивал-озмун назар ба солҳои пешина хеле боло рафтааст.

Дар нишаст доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аскаралӣ Раҷаб оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Туҳфа Фозилова маълумот дода, илова намуд, ки мавзӯи мазкур тадқиқоти нисбатан муфассалро талаб мекунад, то ба наслҳои оянда оид ба зиндагии ин арбоби ҳунар маълумоти дақиқ ва ҳаматарафа дастрас бошад. 

Театршиноси тоҷик Муҳаммадулло Табаров оид ба нақшҳои офаридаи Туҳфа Фозилова дар синамо ва театр, ки сабки ба худ хос ва нотакрор дошт, нақл намуд. 

Доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор, театршиноси рус Николай Шербина, ки аъзои ҳакамони фестивал-озмун аст, оид ба баргузории Фестивал-озмуни «Парасту-2017» андеша ронда, ба ҳунари волои иштирокчиёни озмун ва пешравии театри тоҷик аҳсан гуфт.

Барчаспҳо:
мизи мудаввар, вазорати фарҳанг, Тӯҳфа Фозилова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ