Румӣ Шоазимов: "Хоби маймун" нахустин филми нуар дар Тоҷикистон аст

© Фото : FacebookТаджикский режиссер Руми Шоазимов
Таджикский режиссер Руми Шоазимов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коргардони филми "Хоби маймун" бар ин бовар аст, ки ин филм тавониста ҳунари Баҳодур Миралибековро бо ҳама ҷузъиёташ ба намоиш бигзорад

Филми коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов "Хоби маймун" пас аз пирӯзӣ дар ҷашнвораи қирғизии "Оқ Илбирс" дар ҷашнвораи русии "Адабиёт ва синамо" дар шаҳри Гатчина низ ду ҷоиза дарёфт кард. Доварони ин ҷашнвора бозигари нақши аслии он Баҳодур Миралибековро бо ҷоиза "Барои равонгароӣ дар офариниши нақш" ва оҳангсози он Иқбол Завқибековро бо ҷоиза "Барои бо эҳсос боз кардани муҳтавои филм" сарфароз гардонданд.

Sputnik Тоҷикистон ин пирӯзиро ба Румӣ Шоазимов табрик гуфт ва дар бораи филмаш мусоҳиба кард ки онро пешкашатон мегардонем.

Ин коргардони 24-сола гуфт ки филмро дар шаҳри Душанбе дар 25 рӯз филмбардорӣ кардаанд ва агар ҳаво беҳтар мебуд, зудтар аз ин ҳам кораш ба поён мерасид.

"Ин нахустин филмест, ки дар жанри нуар дар Тоҷикистон сохта шудаа аст", — гуфт Румӣ Шоазимов.

Вай дар бораи ҳунари Баҳодур Миралибеков, ки дар ҷашнвораи "Оқ Илбирс" "Беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ" шинохта шуд, бо таъассуф гуфт:

"Ӯ бо ин ҳунару нерӯву фарру чеҳрае, ки дорад, дар Душанбе нақшҳои аввалро надошт. Ҳамеша нақшҳои дувумро ба ӯ медодаанд".

Ин коргардон мегӯяд, ки Баҳодур Миралибеков чун имкон надошт ҳунарашро комилан нишон диҳад, нерӯяшро дар худ меанбошт ва саранҷом дар филми "Хоби маймун" буруз додааст.

"Вай ҳар нақшеро бисёр хуб иҷро мекунад. Саранҷом тавонист ҳунарашро ба беҳтарин шева пешкаши тамошобинон кунад", — бо ифтихор мегӯяд Румӣ.

Шоазимов гуфт, ки ҳар ҷоизаеро, хоҳ барои коргардонӣ бошад ва хоҳ барои филмноманависиву нақшофарӣ, пирӯзии кулли гурӯҳи филмсоз мешуморад.

"Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки кореро, ки гурӯҳе анҷом дода, арзёбӣ ва арҷгузорӣ шудааст. Ин нукта бароям бисёр муҳим аст", — таъкид кард Румӣ Шоазимов.

"Хоби маймун" нахустин филми комили Румӣ Шоазимов аст ва соли 2016 аз рӯи достони кӯтоҳи нависандаи инглис Уилям Ҷекобс "Панҷаи маймун" (The Monkey's Paw) сохта шудааст.

Ин филм дар пайравӣ аз он достон ҳамон идеи қадимии "се орзуе, ки бароварда мешаванд"-ро бознамоӣ мекунад ва дар он панҷаи як маймун орзуҳоро бароварда месозад. Нукта инҷост ки панҷа ҳар орзӯеро, ки бароварда мекунад, дар паяш арзишмандтарин доштаҳои орзӯкунандаро аз ӯ мегирад. Дар ин филм панҷаи маймун фарзанди қаҳрамони аслиро аз ӯ мегирад. Паёми ахлоқии ин филм ин аст ки нишон медиҳад гоҳе зиндагии воқеъӣ басе беҳтар аз зиндагие аст ки орзӯяшро дорем.

Нахустнамоиши ҷаҳонии филм соли гузашта дар ҷашнвораи "Край света" дар Сахалин баргузор шуда буд. Нақшҳои аслииро онро ҳунарпешаҳои номии тоҷик Баҳодур Миралибеков ва Зулфия Содиқова офаридаанд.

"Филми нуар" дар синамо истилоҳест барои номидани драмҳое бо сужети ҷиноӣ, ҷавви тираву тору пур аз бадбинӣ, сарнавиштбоварӣ ва камранг будани тафовут миёни қаҳрамону ноқаҳрамон, воқеъгароии нисбӣ ва нурпардозии торики саҳнаҳои шабона. Занон дар чунин филмҳо маъмулан нақше манфӣ ва нобоварибахш доранд, вале ҳамин нобоварибахш буданашон ангезае барои мардон мешавад то нақши қаҳрамонона дошта бошанд.

Лентаи хабарҳо
0