22:24 16 августи 2017
Пахши мустақим
Рақс. Акс аз бойгонӣ

Узбакистон пас аз 25 сол фарҳангашро дар Тоҷикистон намоиш медиҳад

© AP/ Anvar Ilyasov
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пас аз 25 сол: дӯстии Тоҷикистону Узбакистон (8)
13420

Баъди 25-соли истиқлолият барои аввалин бор дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Узбакистон баргузор мешавад. Ин чорабинии фарҳангӣ аз 9 май то 13 ҳамин моҳ идома хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати фарҳанги ҶТ дар гурӯҳи фарҳангиёни Узбакистон, ки рӯзи 9 май ба Душанбе меояд, Ҳунарманди халқии Узбакистон Ғуломҷон Ёқубов ва Севинч Муминова хоҳанд буд.

Манбаъ меафзояд, ки дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ баргузории барномаҳои консертӣ, рӯзҳои кинои Узбекистон ва намоиши аккосони ин кишвар дар назар аст.

Мақсади асосӣ аз баргузории рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар гуфта мешавад.

Барномаи рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон

10 майи соли 2017 соати 11:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари ҳайати расмии ҷониби Ҷумҳурии Узбакистон ба шарафи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Худи ҳамин рӯз соати 14:00 дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон "Зебунисо" Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбакистон бо намоиши филми ҳунарии "Ота" (Падар) оғоз меёбад.

Шоми 10 май соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи  Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон баргузор мегардад. Меҳмонони чорабинӣ қабл аз оғози чорабинӣ метавонанд аз Намоиши санъати тасвирӣ ва аккосии "Узбакистони муосир", ки дар даромадгоҳи театр ба маъраз гузошта мешавад, баҳра бардоранд.

11 майи соли 2017 сафари иштирокчиёни рӯзҳо ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар назар аст. Ин рӯз барномаи консертии ҳунарпешагони Ҷумҳурии Узбакистон барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Қӯрғонтеппа манзур мегардад. Маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор хоҳад шуд.

Мавзуҳо:
Пас аз 25 сол: дӯстии Тоҷикистону Узбакистон (8)

Мавзуъ

Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамкориҳои гумрукиро густариш медиҳанд
Барчаспҳо:
аз 9 то 13, рӯзҳои фарҳангӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ