Шабнам Сурайё дар Маскав ҳунарнамоӣ хоҳад кард

© Фото : Elegant (I AM Photographer)Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони номдор Шабнам Сурайё бо сафаре ҳунарӣ ба Маскав хоҳад омад

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Шабнам Сурайё 24-уми май дар яке аз рестуронҳои шаҳри Маскав ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Чуноне ки Хуршед  Ҳакимзода, баргузоркунандаи консерти Шабнам дар Маскав ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ин барнома шаби 24-уми май дар рестурони "Белое золото" иҷро мешавад.

Хуршед Ҳакимзода гуфт ба ин далел, ки мардум маъмулан рӯзона дар кор ҳастанд, ин консерт шабҳангом баргузор мешавад.

"Мо солҳо боз консерт баргузор мекунем ва аз таҷрубаамон медонем, ки тоҷикон наметавонанд рӯзона ба консерт оянд. Аз ин рӯ, барномаро нимашаб оғоз хоҳем кард, то барои ҳаводорони ҳунари Шабнам муносиб бошад", — тавзеҳ дод вай.

© Хуршед ҲакимзодаКонсерти Шабнам Сурайё дар Маскав
Консерти Шабнам Сурайё дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Консерти Шабнам Сурайё дар Маскав

"Аз он ҷое, ки ҳаводорони таронаҳои Шабнам дар Маскав бисёранд, мо ӯро ин ҷо даъват кунем", — афзуд Ҳакимзода.

Ба гуфтаи вай барномаи консертӣ то бомдод давом мекунад ва нархи билетҳо аз 2500 то 3000 рубл аст.

Хусрав Раҷабов, яке аз баргузоркунандагони консертҳои Шабнам Сурайё дар Тоҷикистон, хабари ҳунарнамоии Шабнам Сурайё дар Маскавро таъйид карду гуфт:

"Пеш аз ин ҳам мо барои ташкили консерт чӣ дар хориҷа ва чӣ дар Тоҷикистон дархостҳои бисёре дарёфт карда будем. Вале чун бародари Шабнам чанде пеш дар гузашта буд, вай ҳама дархостҳоро радд карда буд".

Ба гуфтаи вай, Шабнам бо баргузоркунандагони консертҳо дар Маскав аз пеш қарордод дошта ва натавонистааст дархости онҳоро напазираду қарордодро иҷро накунад.

"Аз ин рӯ, Шабнам бо ризояти модараш Сурайё Қосим тасмим гирифт, ки дархости тоҷикони Русияро бипазирад", — таъкид кард вай.

Ёдовар мешавем, ки як сол пештар, маҳз дар ҳамин руз Шабнам Сурайё бо ҳамроҳии Ҷонибеки Мурод дар Маскав консерт ороста буд.

Консерти ин ду ҳунарманд дар толори консертии "Россия"  баргузор шуда буд.

Баъди барнома хонум Шабнам  бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сӯҳбат карда буд ва гуфт, ки мехоҳад бо овозхонаи машуҳри рус Алла Пугачева тарона хонад.

Лентаи хабарҳо
0