15:36 24 июни 2017
Пахши мустақим
Лоиқ Шералӣ, акс аз бойгонӣ

Ман баъди ҳама завол меоям боз: Ёдбуди Лоиқ Шералӣ назди оромгоҳи шоир

© Sputnik / Ратушенко
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
13310

Дар маросими ёдбуди устод Лоиқ пайвандону шогирдон, шоирону ҳунрмандон ва донишҷӯёну ҳаводоронаш ҷамъ омада, бо қироати шеър ва ёди шоир рӯҳи устодро шод хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Пагоҳ 20-уми май зодрузи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ аст.  Чуноне ки қаблан хабар дода будем, бастагӣ ба рузи мавлуд ва  бузургдошти шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар кишвар маҳфилҳо барпо карда мешаванд.

Ҳар сол чун анъана 20-уми май ҳаводорони шоир, пайвандон, шогирдон ва аҳли адаби тоҷик дар оромгоҳи Лоиқ Шералӣ ҷамъ омада,  хотири вайро пос медоранд.

Рузноманигори тоҷик Шервони Умриддин  ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, факултаи рузноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки назди қабри шоир як маросиме ташкил кунад. Тибқи ахбори манбаъ, дар маҳфил донишҷӯён, шоирон, ҳунармандон, наздикону пайвандони Лоиқ Шералӣ  иштирок мекунанд.

"Донишҷӯён пораҳо аз эҷодиёти устод Лоиқ қират карда, шоирону наздиконаш хотираҳои худро аз шоир нақл мекунанд",- таъкид дошт Шервони Умриддин.

Маросим соати 7:00 субҳ оғоз ёфта то соати 10:00 идома меёбад.

Афзалшоҳ Шодиев- ҳунарманде, бештари матни  сурудҳояш моли Лоиқ Шералӣ аст, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки ёдбуди шоир  дар шаҳри Панҷакент, ноҳияи Ховалинг, шаҳри Қурғонтеппа, баргузор гардид ва ҳунарманд нақша дорад, ки санаи 25-уми май дар шаҳри Хуҷанд низ ёдбуди  ташкил кунад.

"Рӯзи 20-ум  дар назди  мазори шоир, Амфитеатр ва Филармонияи давлатӣ хотираи устод Лоиқро пос медоранд",- илова кард вай.

Ба гуфтаи ҳунарманди мардумии Тоҷикистон,  дар Оромгоҳи Лучоб зумрае аз ҳунармандон — Давлатманд Холов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Муродбек Насриддинов, Ҷурабек Муродов, Саидқул Билолов ҳозир шуда,  ёде аз Лоиқ Шералӣ хоҳанд кард.

Ман баъди ҳама завол меоям боз,

Чун мурғи ҳуҷастабол меоям боз.

Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунӣ

Ман баъди ҳазор сол меоям боз.

Барчаспҳо:
шоирон, ёдбуд, маросим, Лоиқ Шералӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ