23:50 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев, акс аз бойгонӣ

Ҷӯрабек Муродов: Шералӣ Ҷӯраев шахсан ба Тоҷикистон омада, истиқлолро табрик гуфта буд

© Фото: JM Company
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)
70572

Силсиламақолаҳои мо дар бораи дӯстии ду мардуми тоҷику узбек аз мусоҳиба бо Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов оғоз меёбанд, ки вай дар он аз дӯстияш бо Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Шералӣ Ҷӯраев мегӯяд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Ба қавли устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов дӯстии тоҷикону узбакҳо аз Ҷомиву Навоӣ реша мегирад. Ин хидматгузори ҳунари воло аз даврони Иттиҳоди Шуравӣ бо Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Шералӣ Ҷӯраев дӯстӣ дорад ва ҳатто даврони буҳронии равобити ду кишвар низ натавонист ин риштаро биканад.

Дӯстии Шумо бо Шералӣ Ҷӯраев кай оғоз шуд ва чӣ гуна густариш ёфт?

— Мо, ки дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ таваллуд шудем, 15 бародару хоҳар доштем. Ҳама дӯст будем. Бояд гуфт кард, ки дар ин дунё бе дӯст намешавад зист, пас бояд дӯстӣ кард. Ҳатто душманро бояд дӯст гардонд. Дар китобҳои муқаддас навиша шудааст, ки агар битавонӣ душманро дӯст гардон. Барои ҳамин ҳар касе бояд кӯшиш кунад, ки дӯст пайдо кунад. Номи Худоро низ Дӯст мегӯянд.

Ман камубеш 20 сол — дар солҳои 1963 —1990 ба  тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна сафарҳои ҳунарӣ доштам. Бештар Ӯзбекистон мерафтам. Он вақт нақшаи давлатӣ буд, мо бояд ба буҷаи давлат пул меовардем. Дар ҳамин давра бо ҳунарпешаҳои Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Русия дӯстӣ мекардам. Масалан бо ҳунарпешаҳои маъруфе чун Образтсова, Архипова, Муслим Магомаев, Алла Пугачёва, Иосиф Кобзон борҳо суруд сароидаем ва дӯстӣ доштем.

Аммо бо Шералӣ Ҷӯраев мо беш аз 40 сол мешавад, ки бародарем ва боре ҳам риштаи дӯстиямон канда нашудааст. Аз хурсандӣ ва муваффақияти ҳамдигар шод мешавем. Фарзандон ва ҳамсарони мо низ бо якдигар дӯстӣ доранд. Хуллас, дӯстии мо хонаводагист. Моро ҳунар ба ҳам пайваста ва бародар кардаст. Ин аст дӯстии тоҷикону ӯзбекон.

Пештар дар яке аз мусоҳибаҳоятон гуфта будед, ки мехоҳед бо ин ҳунарпеша дуэт бихонед

— Мо дуэт як бор не, чанд бор хондаем. Вай сурудҳои маро хондааст ва ман таронаҳои ӯро сурудаам.

Бояд гуфт кард, ки 20 сол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон рафтуомад набуд. Ин албатта таъсири худро ба дӯстии тоҷикону узбекон гузошт. Бархе аз мухлисонам, ки дар кишвари ҳамсоя зиндагӣ мекарданд, дар ин замон дар гузаштаву ва бархе дигарашон пир шуданд. Мутаассифона имкон набуд дар Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кунем. Риштаҳо канда шуданд. Барои ҳамон риштаҳои кандашударо пайваст бояд кард. Дар Ӯзбекстон миллион — миллион тоҷик зиндагӣ мекунад.

Дӯстии узбеку тоҷик аз ҳазрати Ҷомиву Навоӣ мерос мондааст. Мо бояд онро давом диҳем. Дар натиҷаи канда шудани муносибатҳои дӯстӣ на мо бурд кардем ва на узбекон.

Мухлисони Шумо ва Шералӣ Ҷӯраев чӣ навгониеро интизор шаванд?

— Ман дар ҷашни 70-умин солгарди зодрӯзи Шералӣ Ҷӯраев, 13-уми апрел ширкат доштам ва дар он суруди нав иҷро кардам:

Тоҷику ӯзбек азалдан дӯсти ҷонӣ буду ҳаст,

Бир бирига қон қариндошлик шиораш буду ҳаст.

Ҷӯрабек айтсун хуш шеър ки дӯстлар бизди замон,

Шералӣ хонад суруде ҳар шаб оям ҷӯраҷон.

Ҳоло наворе аз маросими 70-солагии Шералӣ Ҷӯраев омода мешавад.

Хотироти дурахшони Шумо аз дӯсти бо эшон кадом бошад?

—  Вақте ки Ӯзбекистон истиқлолашро ба даст овард, маро ба Тошканд даъват карданд. Банда расман тариқи телевизиони давлатӣ халқи узбекро муборак гуфтам ва  орзу карда будам, ки Худо кунад, тоҷикон низ ба истиқлол бирасанд. Пас аз 9-уми сентябри соли 1991 Шералӣ Ҷӯраев шахсан ба Тоҷикистон омада, моро ба муносибати истиқлол табрик гуфта буд.

 Дар солҳое, ки равобит миёни ду кишвар тира буд, равобити Шумо бо дӯстонатон чӣ вазъе доштанд?

— Рости гап, дар давоми ин солҳо ман дар Ӯзбекистон барномаҳои консертӣ надоштам. Аммо ба дӯстонам раводид равон мекардам ва онҳо низ бе ҳеч мушкиле ба ман раводид омода мекарданд. Се сол пештар Шералӣ Ҷӯраев ба Тоҷикистон омада буд. Меҳрро дар чашм мегӯянд. Бояд аз аҳволи ҳамдигар хабар гирифт.

Джурабек Муродов и Шерали Чураев, архивное фото
Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев

Шумо ба кадом забон бо ҳамдигар суҳбат мекунед?

— Ман забони ӯзбекиро медонам ва Шералӣ Ҷӯраев ба забони тоҷикӣ низ ҳарф мезанад. Мо бо ҳамдигар ба ду забон суҳбат мекунем.

Барои оянда чӣ нақшаҳое доред?

— Худо хоҳад, моҳи сентябр барномаи нави ҳунариямро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд намоиш хоҳам дод. Агар имкон даст дод, ҳатман ба Самарқанду Бухоро низ сафари ҳунарӣ хоҳам кард.

Зиндаву саломат бошед, устоди гиромӣ. Худо нигаҳбонатон!

— Саломат бошед ва ҳамеша аз дӯстӣ бинависед. Худо ҳофиз!

 

Мавзуҳо:
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
узбакон, дӯстӣ, тоҷикон, Ҷӯрабек Муродов, Шералӣ Ҷӯраев, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ