15:16 23 июни 2017
Пахши мустақим
Гала - консерт дар Остона

Дарахти гаронбаҳо ва гала - консерти Тоҷикистон дар ЭКСПО-2017

© Фото: Министерство культуры РТ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
12330

Рӯзи 12 июн дар Остона Рӯзи миллии Тоҷикистон буд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ, Рӯзи миллии Тоҷикистон бо баланд бардоштани парчами Тоҷикистону Қазоқистон зери садои суруди миллии ду кишвар оғоз гардид.

Намоишгоҳи Тоҷикистон диққати намояндагони расмӣ ва сайёҳони хориҷиро бо "дарахти бахт" — ки аз сангҳои гаронбаҳо омода шудааст, ҷалб кард.

Шиори асосии намоишгоҳи Тоҷикистон "Истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва қувваи барқ" мебошад.

Дар намоишгоҳ табиати бою нотакрори Тоҷикистон, канданиҳои фоиданок, иқтидори энегетикӣ ва обӣ, фарҳанг ва таърих манзури бинандагон гардидааст.

 

Шоми 12 июн дар амфетеатри намоишгоҳи ЭКСПО-2017 гала-консерти ҳунармандониТоҷикистон баргузор шуд.

Дар барномаи консертӣ ансамблҳои "Базморо", "Садои Суғд", "Фалак" ҳунарнамоӣ карданд.

Ҳамчунин Фотима Машрабова, Дамирбек Олимов, Абдураҳмон Мадхолов, Искандар Тагиров, Раҳматулло Бойматов ва Фарҳод Одинаев рақси тоҷикӣ ва оҳангҳои миллиро пешкаши хориҷиён гардониданд.

1 / 3
Ҳунарнамоии овозхонони тоҷик дар ЭКСПО 2017

Мавзуъ

Тоҷикистон диданиҳову дороиҳояшро дар "Остона ЭКСПО - 2017" намоиш медиҳад
"Энержии оянда": ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кори намоишгоҳи "Остона ЭКСПО - 2017"
Гала-консерти устодони санъати тоҷик дар ЭКСПО-2017
Барчаспҳо:
вазорати фарҳанг, Остона

Мавзӯъҳои асосӣ