22:00 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Вазорати фарҳанги ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Вазири фарҳанг ба шоирону нависандагони ғолиб мукофот супорид

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
3710

Дирӯз, 30 июн дар Вазорати фарҳанг маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Асарҳои публисистӣ ва шеърҳо бахшида ба 20–солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанг, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҳузури иштирокчиёни озмун ва ҳайати доварон ғолибонро бо пирузӣ табрик гуфта, онҳоро бо мукофот қадр кард.

Ин озмунро Вазорати фарҳанг ташкил кардаву муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки дар тараннуми Ваҳдат асарҳои нав эҷод кардаанд дар он ширкат карданд.

Муаллифон асарҳои худро то 1 июн ба Вазорати фарҳанг пешниҳод кардаанд.

Ҳайъати ҳакамон бо роҳбарии раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар равияи наср муаллифони зеринро бо мукофотҳои Вазорати фарҳанг сазовор донистанд: Муҳтарам Ҳотам, Маҷид Салим, Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин ва Шералӣ Мустафоқулов.

Супоридани мукофот ба ғолибон
© Фото: Аз равобити умумии вазорати фарҳанг
Супоридани мукофот ба ғолибон

Дар равияи назм Камол Насрулло, Гурез Сафар, Гулназар Келдӣ, Шаҳрия, Гулрухсор ва Муҳаммадалии Аҷамӣ ғолибият ба даст оварданд.

Мавзуъ

Ғолибони озмуни асарҳои иҷтимоъӣ ва назм муайян гардиданд
Дар Хуҷанд ғолибони Фестивали Оши палав интихоб гардиданд
Ғолибони КВН-и Помир мукофотро бо дигар дастаҳо тақсим карданд
Барчаспҳо:
ба ғолибон, тақдими мукофотҳо, Шамсиддин Орумбекзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ