21:17 20 сентябри 2017
Пахши мустақим
Рақси миллӣ. Акс аз бойгонӣ

Вазири фарҳанги Қазоқистон ба фарҳангиёни тоҷик: ҳунари нодир доред

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳаммедиулӣ барои вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода номаи сипос фиристодааст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳаммедиулӣ дар номае ба вазири фарҳанги ҶТ аз ширкати фарҳангиёни тоҷик дар дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Остона сипосгузорӣ кардааст.

Аристанбек Муҳаммедиулӣ дар номааш ба Шамсиддин Орумбекзода барои ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии "Гулрез", овозхони гурӯҳи "Ориё" Муҳаммадрафӣ Кароматулло, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Рустам Дулоев, сарояндаи опера Ангелика Тиман, рақсандаҳои балет Фарангис Қосимова ва Муҳаммад Азимзода сипосгузорӣ кардааст.

"Ҳунарнамоии барҷастаи ҳунарпешаҳои тоҷик, ки аз истеъдод ва ҳунари нодири онҳо дарак медод, ба чорабинӣ ҳусн ва шукӯҳи тоза бахшида, тамошобинонро мафтуни худ гардонд", — омадааст дар ин нома.

Дар ин нома вазири фарҳанги Қазоқистон умедворӣ кардааст, ки равобити дӯстонаи Қазоқистон ва Тоҷикистон беш аз пеш густариш ёбанду устувортар шаванд.

Мавзуъ

Порагирӣ ва суъистифода аз мансаб : ҳушдор ба фарҳангиён аз пайомадҳои ришваситонӣ
Эмомалӣ Раҳмон аз донишмандону фарҳангиён хост пуркортар бошанд
Ҳифзи гуногунӣ: Орумбекзода бо вазирони давлатҳои СҲШ мулоқот кард
Дарахти гаронбаҳо ва гала - консерти Тоҷикистон дар ЭКСПО-2017
Тоҷикистон диданиҳову дороиҳояшро дар "Остона ЭКСПО - 2017" намоиш медиҳад
"Энержии оянда": ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кори намоишгоҳи "Остона ЭКСПО - 2017"
Барчаспҳо:
изҳори сипос, Аристанбек Муҳаммедиулӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ