Барои дӯстдорони асп: Давлат Сафар дар бораи асп китоб навишт

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкНовоникольский конный завод в Приморском крае
Новоникольский конный завод в Приморском крае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давлат Сафар дар бораи хислатҳои хосси асп китоб навишт

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати фарҳанг, ин китоб "Достони асп" ном гирифта аз ҷониби нашриёти "Адиб" мушташир шудааст.

Ба гузориши манбаъ, китоби "Достони асп" бо теъдоди 500 нусха ба табъ расидааст.

"Дар китоби "Достони асп" шоир Давлат Сафар тамоми хислатҳои хоссаи аспро зебо ва хотирмон ба риштаи тасвир кашидааст, ки меҳру муҳаббати хонандаро ба ин ҷонвари дилписанд афзунтар менамояд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки офаридаи нави муаллиф барои мардуми асппарвари тоҷик ва ҳаводорони каломи бадеъ писанд хоҳад гашт.

Лентаи хабарҳо
0