09:20 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Абдумамад Бекмамадов, архивное фото

Филми "Суруди Абдул" дар ҷашнвораи Виборг намоиш дода мешавад

© Фото: Фестиваль "Артдокфест"
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
175 0 0

Филми "Суруди Абдул" дар қадимтарини ҷашнвораи Русия "Равзанаи Урупо" намоиш дода мешавад

ДУШАНБЕ, 8 авг— Sputnik. Филми ҳуҷҷатии "Суруди Абдул" дар ҷашнвораи кинои "Равзанаи Урупо" ба намоиш гузошта мешавад.

Бино ба иттилоъи торномаи ҷашнвора ин чорабинии фарҳангӣ аз 6 август то 12 ҳамин моҳ дар шаҳри Виборги Русия баргузор хоҳад шуд.

Филми ҳуҷҷатии коргардони рус-Анна Моисеенко "Суруди Абдул" дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик аз Помир қисса мекунад.

Нақши аслиро дар ин филм Абдумамад Бекмамадов, ки пештар бо намоишномаи "Акын Опера" соҳиби ҷоизаи "Ниқоби тиллоӣ" шуда буд, бозидааст.

© Sputnik / Фарида Бободжонова
"Суруди Абдул"-ро дар Маскав намоиш доданд

Филми "Суруди Абдул" аз лаҳзаҳое аз зиндагии муҳоҷир ва сурурдҳои эҷодкардаи ӯ иборат мебошад.

"Ман ин филмро дар муддати чор сол ба навор гирифтам. Як моҳи наворбардорӣ дар Помир сипарӣ шуда, дигар қисмҳои он дар Маскав ба навор гирифта шудааст. Ман мехостам нишон бидиҳам, ки чӣ гуна зиндагӣ ва кор дар Русия барои як муҳоҷир мушкил аст", — гуфт коргардон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ҷашнвораи "Равзанаи Урупо" —қадимтарин ҷашнвораи филми миллии Русия мебошад. Ҳамасола ин ҷашнвора беш аз ҳазор коргардон в ҳунарпешагонро ҷамъ меорад. Ҷашнвора аз 6 август то 12 ҳамин моҳ идома мекунад.

Мавзуъ

"Суруди Абдул" - аз ҳаёти муҳоҷире, ки қалби тоҷику русро ба ларза овард
Барчаспҳо:
ҷашнвора, Абдумамад Бекмамадов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ