00:29 19 ноябри 2017
Пахши мустақим
Рӯзи 9 сентябр дар Душанбе

Оташбозӣ ва рақсу суруд: ширкати раисҷумҳур дар тантанаҳои ҷашнӣ

© Фото: Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳур
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0

Шоми дирӯз Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба ифтихори 26 - умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахт ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар фард бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу кард.

Ҳангоми суханронӣ сарвари давлат зикр дошт, ки истиқлолият ва озодӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид ва мо дар зарфи бисту шаш сол бо шарофати заҳмати софдилонаи халқ дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем.

Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз пешравиҳои ҷумҳурӣ ва тараққиёти бонизоми иқтисодиёт таъкид доштанд, ки халқи тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намуд.

Пас аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.

Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 26 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирин карда шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.

Оташбозии бардавом анҷомбахши барномаи рангини консертӣ буд.

Барчаспҳо:
тантанаҳои ҷашнӣ, Эмомали Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ