11:10 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Намоишгоҳи байнулмилалии ЭКСПО-2017. Акс аз бойгонӣ

Медали тиллои ғурфаи Тоҷикистон дар "ЭКСПО-2017"

© AFP/ ALEKSEY FILIPPOV
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
91 0 0

Тоҷикистон дар бахши "Раскрытие тематики" дар намоишгоҳи "ЭКСПО-2017" мақоми аввал ва медали тилло гирифт

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии Палатаи савдои Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби Ҷумҳурии Гана ва сеюм аз Украина шуд.

Ғурaҳои кишварҳои гуногун бо назардошти ду нишондод — дизайн, тарзи ороиш, дастовардҳо  ва алоқамандӣ  бо мавзӯъ, дуюм — намоиш дар доираи мавзӯъ ва навовариҳо дар соҳаи энержии оянда, баҳогузорӣ шуданд.

Дар ин бахш 115 ғурфаи миллӣ ва 22 ғурфаи созмонҳои байнулмилалӣ дастовардҳои худро дар соҳаи энержӣ ба намоиш гузошта буданд.

Намоишгоҳи "ЭКСПО-2017" аз 10 июн то 10 сентябр боз буд.

Дар ин намоишгоҳ 100 кишвар ва беш аз даҳ созмони байналмилалӣ фанновариҳои пешрафтаи энержии "сабз" ё баргаштпазирро ба намоиш гузоштанд.

Мавзуъ

Дарахти гаронбаҳо ва гала - консерти Тоҷикистон дар ЭКСПО-2017
Тоҷикистон диданиҳову дороиҳояшро дар "Остона ЭКСПО - 2017" намоиш медиҳад
"Энержии оянда": ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кори намоишгоҳи "Остона ЭКСПО - 2017"
Гала-консерти устодони санъати тоҷик дар ЭКСПО-2017
Барчаспҳо:
ҷои аввал, медали тилло, ЭКСПО- 2017, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ