01:08 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Консерт бахшида ба рӯзи шашмақомсароён дар Тоҷикистон

Дар Конибодом ҷашнвораи байналмилалии "Шашмақом" баргузор мешавад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Ҷашнвора бо мақсади гиромидошти мероси мусиқии миллии тоҷикон шашмақом ва рушду тарғиби ин санъати воло бо ташаббуси Академияи мақоми Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Конибодом ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд нахустин ҷашнвораи байналмилалии "Шашмақом" баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷашнвора аз 20-23 сентябри соли равон  баргузор карда мешавад.

"Ҷашнвора бо мақсади гиромидошти мероси мусиқии миллии тоҷикон шашмақом ва рушду тарғиби ин санъати воло бо ташаббуси Академияи мақоми Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Конибодом ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Шаҳри Конибодом. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Всеволод Тарасевич

Барои иштирок дар фестивал гурӯҳҳои шашмақомсарои Тоҷикистон ва Узбакистон даъват шудаанд.

Дар доираи фестивал Ҳамоиши байналмилалии олимон ва ҳунармандони санъати шашмақом дар мавзуи "Инкишофи санъати шашмақом дар давраи Истиқлолият" доир мегардад.

Барчаспҳо:
ҷашнвораи шашмақом, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ