01:06 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон кӯмак мепурсад

© Фото: Пресс служба президента РТ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
126 0 0

Раиси Космиссияи сиёсати муҳоҷиратии Ҳукумати Маскав Александр Калинин аз раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки дастаи КВН-и кишварро дастгирии молӣ кунад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раиси Комиссияи  сиёсати муҳоҷиратии Ҳукумати Маскав ва роҳбари тарҳи "90180.ru" Александр Калинин бо мақсади кӯмак ба ширинкорони тоҷик ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст.

Калинин аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунад, ки сарвари тоҷикон ба Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон барои ширкат дар давраи нимниҳоии Лигаи марказии Маскав  ёрии молӣ расонад.

"Гуруӯҳи тоҷикии КВН истеъдоди фавқуллода дорад. Барои рушди даста кӯмак кунед. Тарҳи КВН бисёр муваффақ аст ва касоне, ки дар саҳнаҳои он баромад мекунанд, ҳатман ситора мешаванд",- мегӯяд Калинин ба Эмомалӣ Раҳмон.

Муроҷиати Александр Калининро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд ҳазор  корбарон  тамошо кардаанд.

Ёдовар мешавем, 22-уми сентябр Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон бояд дар давраи нимниҳоии Лигаи марказии Маскав ва ноҳияҳои Маскав ширкат кунад. Аммо даста барои сафар маблағ надорад. Ҳамагӣ чанд рӯз мондааст, ки барои ширкат 15 ҳазор дулор ҷамъ оваранд.

Пештар роҳбари дастаи КВН Хайрулло Мирсаидов ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳоло ба онҳо як тоҷики муқими Русмия- 1000  дулор кӯмак кардааст. Аммо, мутаассиффона он кофӣ нест. Ширкатҳои бузурги Тоҷикистон аз кӯмак ба ин даста даст кашидаанд.

Барчаспҳо:
давраи нимниҳоӣ, дастаи КВН-и Тоҷикистон, ширкат, Александр Калинин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ