10:48 18 январи 2018
Пахши мустақим
Самарқанд, акс аз бойгонӣ

Ҳар ки монад дур аз асли хеш: Самарқанду Бухороро адибони тоҷик мафтун месозанд

© Flickr/ Chris Price
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
5610

Намояндаи Узбакистон пешниҳод кардааст, ки дар Тоҷикистон фурӯши китобҳои узбакӣ ва дар Узбакистон- Самарқанду Бухоро фурӯши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шавад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Минбаъд асарҳои муаллифони тоҷик дар Узбакистон, минҷумла шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро ба фурӯш гузошта мешавад.

Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст, Шамсиддин Орумбекзода- вазири фарҳанги ҶТ дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" бо меҳмонони хориҷии намоишгоҳ- намояндагони Афғонистон, Белорус, Қазоқистон ва Узбакистон низ дидор ва мулоқот кардааст. 

Гуфта мешавад, вазири фарҳанг аз иштироки меҳмонон дар намоишгоҳи мазкур, ки барои кишвари мо падидаи бузург аст, изҳори сипос намуда, оид ба муносибатҳои фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистон бо ҳар яке аз ин кишварҳо ҳарф зад.

"Чанде пеш дар доираи Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон намоиши китобҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд ва Тоҷикистон кўшиш менамояд, то дар  намоишгоҳҳои китоб дар дигар кишварҳо низ маҳсулоти чопии худро муаррифӣ намояд",- изҳор дошт Шамсиддин Орумбекзода.

Муовини аввали директори Агентии табъу нашр ва иттилооти Узбакистон  Мизроб Мавлонов пешниҳод кардааст, ки дар Тоҷикистон фурўши китобҳои узбакӣ ва дар Узбакистон, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро фурӯши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шавад.

Ёдовар мешавем, аз 10-ум то 14-уми октябр дар Узбакистон рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистонбаргузор гардида буд. Барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон ҳамчунин намоишгоҳи "Китобҳои Тоҷикистон" ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши ду филми ҳунарии коргардон Носир Саидов "Қиёми рӯз" ва "Муаллим"-ро дар бар гирифт.

Барчаспҳо:
адабони тоҷик, китоб, Шамсуддин Орумбеков, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ