10:40 18 январи 2018
Пахши мустақим
Ибодулло Машрабов

Ҳунарпешаи халқии ҶТ Ибодулло Машраб лауреати ҷоизаи "Ситораи иттиҳод" шуд

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
16720

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб лауреати ҷоизаи байнидавлатии "Ситораи иттиҳод" гардид

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умуми Вазорати фарҳанги ҶТ, ин ҷоизаи ИДМ ба арбобони фарҳанг ва санъат, ки ба дастовардҳои ҷаҳонӣ ноил гардида, ба рушди кишварҳои ИДМ мусоидат менамоянд, супорида мешавад.

"Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб лауреати ҷоизаи бонуфузи байнулмилалӣ "Ситораи иттиҳод" шуд", — омадааст дар хабарнома.

Маросими ҷоизасупорӣ пас аз ду моҳ дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор мешавад.

Мукофоти "Ситораи Иттиҳод" аз соли 2010 инҷониб аз рӯи се бахш: илм ва маориф, фарҳангу ҳунар ва фаъолияти гуманитарӣ супорида мешавад. Маблағи мукофот-2 милюн рубл мебошад.

Ӯ  бо истеъдоди сарояндагӣ ва ҳунарпешагӣ ба яке аз ситораҳои ҳунари тоҷик табдил ёфтааст. Дар фонди тиллоии Радиои тоҷик зиёда аз 30 суруди Ибодулло Машраб ҷой дода шудаанд. Нақшҳои мавсуф дар театр ва синамо, хусусан дар филмҳои "Рўъёи воқеӣ", "Ашк ва шамшер" ва "Монӣ" маҳорати беназири ҳунарпешаро инъикос менамоянд.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар соли 2016 ин ҷоиза ба балетмейстер, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Юрий Григорович, композитори молдавӣ, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Евгений Дога, композитори арманӣ Тигран Мансурян, Рассоми халқии Озарбойҷон Халилов Фарҳод Гурбан оғли, муовини директори Театри опера ва балети "Астана Опера" Толеубек Алпиев, Раиси шуъбаи илмҳои физикӣ-техникӣ, математикӣ ва кўҳию геологи Академияи миллии илмҳои Қирғизистон Алтай Борубаев дода шуд.

Барчаспҳо:
ҷоизадор, "Ситораи иттиҳод", Ибодулло Машрабов, ИДМ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ