02:14 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве

Ҳунарнамоии Нобовар Чиноров ва Иқбол Завқибеков дар Маскав

© Sputnik Мельников Валерий
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
11230

Севумин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия 3 - 12 ноябр дар шаҳри Маскав баргузор мешавад. Имсол дар ин ҷашнвора ҳунару фарҳанги мардумони Русияро намоиш медиҳанд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Гурӯҳи созиву овозии "Шамс" ба раҳбарии Нобовар Чиноров ва гурӯҳи рақсии созмони "Нур" ба раҳбарии Малина Гулшерхонова меҳмонони ин ҷашнвора буданд.

Нахуст гурӯҳи "Нур" ҳунари рақси тоҷикиро ба меҳмонони ҷашнвора намоиш дод. Раққосаҳо пироҳани зебои бадахшонӣ ба тан дар ҳавои оҳанги шӯх дастафшонӣ карданду чархиданду тамошобинонро ба шӯр оварданд. Меҳмонон бо шавқу завқ рақси зебои Бадахшонро тамошо карданду бо кафкӯбӣ ҳунармандонро аз саҳна гусел карданд.

Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве
© Sputnik Мельников Валерий
Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве

Сипас саҳнаро гурӯҳи созиву овозии "Шамс" гирифт, ки меҳмони вижаи ҷашнвора буд. Нобовар Чиноров ва Иқбол Завқибеков созҳояшонро дар оҳанги нарму дилнавозе ҷӯр карданд. Сипас таронаи маъруфи "Сӯзи маро"-ро хонданд ва кам-кам мардумро гарм карданд то ин ки Абдумамад Бекмамадов савор бар "асп" ҳамроҳ бо "дилдодааш" ба майдон расид.

Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве
© Sputnik Мельников Валерий
Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве

Рақси аспаксавору дилбараш чунон шӯрангез буд, ки ҳама тамошобинон дар ҳавои оҳангаш даст мезаданду по мекӯфтанд. Дар поён Абдумамад саманди бодпояшро маҳмез заду гирди тамошобинон чархиду офарину шобоши онҳоро ба даст овард.

Ҳамзамон меҳмонони ҷашнвора бо гурӯҳе аз бонувони дафнавоз акс мегирифтанд, ки мунтазири навбати худ буданд.

Дар фароварди ҳунарнамоии гурӯҳи "Шамс" онҳо низ бо Нобовар ҳамовоз шуданд ва дафнавозон ба саҳна баромаданд. Навои дафу чангу рубоб тамошобинонро чунон ба ҳол овард, ки то пушти парда рафтани ҳунарпешаҳои тоҷик барояшон кафкӯбӣ карданд.

Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве
© Sputnik Мельников Валерий
Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве

"Тамошобинон моро бисёр гарму хуш пешвоз гирифтанд. Аз кафкӯбиҳояшон дониста мешуд, ки созу овозу оҳангҳоямон хушашон омадаанд", — гуфтанд Нобовар Чиноров ва Иқбол Завқибеков пас аз ҳунарнамоӣ.

Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве
© Sputnik Мельников Валерий
Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве

Ҳунарнамоии меҳмонони тоҷикро Аслишо Акимбеков, раҳбари Кумитаи фарҳангии созмони "Нур" раҳбарӣ мекард. Вай гуфт, ки гурӯҳҳои тоҷикиро Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Анҷумани ҷуғрофиёии Русия ба ин ҷашнвора даъват кардаанд.

"Мо дар ин ҷашнвора Тоҷикистонро намояндагӣ кардем. Аз гурӯҳи "Шамс" бисёр сипосгузорам, ки даъватамонро пазируфт. Онҳо бояд 10 ноябр Маскав меомаданд то дар консерти бузург ба муносибати "Ҷашни алмосии" шоҳзода Оқохон ширкат кунанд, ки 12 ноябр дар "Лужники" баргузор мешавад. Ҳамчунин аз гурӯҳҳои ҳунарии созмони "Нур", бавижа гурӯҳи рақсӣ ва бонувони Кумитаи занону кӯдакон сипосгузорам, ки барномаамонро рангоранг карданд", — гуфт Аслишо.

Вай ҳамчунин афзуд, ки Кумитаи фарҳангии созмони "Нур" аз пас ҳам дар ҷашнвораву барномаҳои ҳунариву фарҳангии Маскав ширкат хоҳад кард.

"Мо ҳамвора кӯшиш дорем фарҳангу ҳунари тоҷиконро бо ҳама рангу дурахшаш намоиш диҳем. Ҳаводорони созу овозу рақси тоҷикӣ метавонанд барномаи ҳунарии моро дар консерти "Ҷашнвораи алмосӣ" дар "Лужники" тамошо кунанд. Мо ҳамаро ба ин консерт даъват мекунем", — гуфт вай.

Аслишо ҳамчунин афзуд, ки созмони "Нур" дар ҷашнвораи байналмилалии ҳунариву фарҳангие ширкат хоҳад кард, ки қарор аст 27 январ дар Маскав баргузор шавад.Дар Севумин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия беш аз 30 минтақаи Русия ширкат мекунанд. Ин ҷашнвора бо ҳамкории "Пости Русия", Пажӯҳишгоҳи мардумшиносии Фарҳангистони улуми Русия, Анҷумани торихии Русия, Анҷумани низомӣ-торихии Русия ва дигарон баргузор мешавад.    

Мавзуъ

Гурӯҳи “Шамс”: Аз кӯдакӣ то шӯҳрати ҷаҳонӣ ва нақшаҳои нав
Барчаспҳо:
Нур, Шамс, Иқбол Завқибеков, Нобовар Чиноров, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ