02:03 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Рӯзи фарҳанги кишварҳои Араб дар Маскав

Аз рақсҳои мисрӣ то сурудҳои сурӣ: дар Маскав Рӯзи фарҳанги арабӣ баргузор шуд

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
5220

Рӯзи 11 ноябр дар бинои "Қасри пионерон"-и Маскав Рӯзи фарҳанги арабӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 12 ноя- Sputnik.  Дар Маскав дар чорчӯби барномаи "Хонаи ман Маскав" (Мой дом Москва), Рӯзи фарҳанги мамолики араб баргузор шуд.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ сафирони Сурияву Ироқ намояндаи ҳукумати Маскав ва раиси диаспораи кишварҳои араб ширкат ва суханронӣ карданд.

"Боварӣ дорем, ки ин чорабинӣ барои наздиктар кардани ҳар яки мову шумо бо ҳам кӯмак хоҳад кард", — гуфт ҳангоми суханронӣ раиси диаспораи кишварҳои Араб дар Маскав Ҳассан Насруллоҳ.

Намояндагони расмӣ дар Рӯзи фарҳанги кишварҳои Араб дар Маскав
© Sputnik
Намояндагони расмӣ дар Рӯзи фарҳанги кишварҳои Араб дар Маскав

Барномаи фарҳангӣ аз рақсу суруд, шеъру тарона, намоиши наворҳои видеоӣ дар бораи таъриху фарҳанги кишварҳои Араб иборат буд.

Бахусус рақси мардонаи "Танури мисрӣ" дар иҷрои  Салим Ислом ва Саид Мустафо, зери доиранавозии Оскар тамошобинонро ба ваҷд овард.

Рақси мардонаи мисрӣ
© Sputnik
Рақси мардонаи мисрӣ

Сурудҳои пур аз меҳри Ватан дар иҷрои  Раша Харфуш аз Сурия мардумро ба дуриҳои дур бурд. Ҳамчунин дар ин барномаи фарҳангӣ гулдухтарон ҳунари рақси худро пешкаши тамошобинон карданд.

Раша Харфуш-сароянда аз Сурия
© Sputnik
Раша Харфуш-сароянда аз Сурия

Дар ин чорабинии фарҳангӣ яке аз оҳангҳои қадимтарини ҷаҳони мусиқии мамолики Араб-"Рақс ал-сет"-ро Иван Халил ва Басел Шоҳин бо гитор ва уд навохтанд.

Рӯзи фарҳанги арабӣ дар Маскав аз ҷониби Дипартаменти сиёсати милли Маскав, ҳукумати Маскав, Қасри пионерон ва Диаспораи кишварҳои Араб дар Маскав ташкил шуда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ