05:35 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Таҳмина Ниёзова

Таҳмина Ниёзова ба мухлисонаш: ба ҷонибдории ман овоз диҳед

© Tahmina Niyazova Official
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
10940

Овозхони эстрадаи тоҷик-Таҳмина Ниёзова ба мухлисон ва ҳамвандонаш дар Facebook ёдрас карда, ки даври навбатии интихобӣ барои намояндагӣ аз Сан-Марино дар озмуни бонуфузи Евровидение-2018 оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Сарояндаи маъруфи Тоҷикистон Таҳмина Ниёзова аз даври аввали интихобӣ гузашт. Ӯ қасб дорад Сан-Мариноро дар озмуни Евровидение-2018 бо суруди Селин Дион Surrender муаррифӣ кунад.

Таҳмина ҳамаи ҳамвандони худро барои дастгирӣ ва овоздиҳӣ даъват мекунад.

"Дӯстони азиз, даври навбатии интихобӣ барои муаррифии Сан-Марино дар озмун оғоз шуд. Барои овоздиҳӣ ба ҷониби овозхони дӯстдошта танҳо ҳафтае боқӣ мондааст. Илтимос ба ҷонибдории ман овоз диҳед", — навиштааст сароянда дар саҳифаи Facebook-и худ.

Ҳамчунин Таҳмина дар ни номаи худ ба ҳамагон барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Таҳмина Ниёзова соли 2008-ум дар озмуни "Пять звезд. Интервидение" пирӯз шуда буд. Пас аз ин озмун Таҳмина дар саросари ҷумҳурии Тоҷикистон машҳур шуд.

Барчаспҳо:
овоз додан, Таҳмина Ниёзова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ