05:45 15 декабри 2017
Пахши мустақим
ЮНЕСКО

Тоҷикистон ва ЮНЕСКО ҳамроҳ намоиш баргузор мекунанд

© Sputnik / Максим Богодвид
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Баргузории намоишҳои фарҳангии муштарак дар дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон ва мудири Дафтари ЮНЕСКО дар Алмаато баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, дирӯз вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода бо мудири Дафтари Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии Милали Муттахид (ЮНЕСКО) дар шаҳри Алмаато Криста Пиккат дидору гуфтугӯ кард. 

Дар ин дидор дурнамои рушди ҳамкориҳо, аз ҷумла баргузории намоишҳои муштараки фарҳангӣ бо ширкати осорхонаҳои кишварҳои масири "Шоҳроҳи абрешим", интишори мақолаҳои илмӣ ва пешниҳоди ёдгориҳои торихиву фарҳангӣ барои номнавишт дар мероси фарҳангии башар баҳсу баррасӣ шуд.

Чанде пеш Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод карда буд, ки ҷашни Меҳргонро дар феҳристи мероси фарҳангии башар ва қалъаи Ҳулбукро дар феҳристи мероси моддии ҷаҳонӣ номнавис кунад.

Ин Созмон тарҳи ҷашни Меҳргонро ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии мардум тоҷик сабт карда ва онро дар соли 2019 баррасӣ хоҳад кард.

Ин тарҳро вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳамоиши умумии ЮНЕСКО дар Фаронса пешниҳод карда буданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки соли 2016 ЮНЕСКО оши палавро расман дар Феҳристи мероси фарҳанги ғайримодӣ ворид карда буд.

Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода и Директор Представительства ЮНЕСКО в Алма-Ате Криста Пиккат
Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода и Директор Представительства ЮНЕСКО в Алма-Ате Криста Пиккат

Мавзуъ

Тоҷикистон аз ЮНЕСКО хост Меҳргонро мероси фарҳангии башар гардонад
Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоиши кулли ЮНЕСКО ширкат мекунанд
Амрико аз ЮНЕСКО хориҷ мешавад
ЮНЕСКО: забонҳои яғнобӣ ва помирӣ рӯ ба нобудӣ ниҳодаанд
Чакан, чавгон ва атлас: меросҳои фарҳангии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО мераванд
Барчаспҳо:
палав, Ҳулбук, Меҳргон, Вазорати фарҳанги ҶТ, ЮНЕСКО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ