05:31 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Китоб

Дар Маскав аввалин асари таълимии "Сиёсати хориҷии кишварҳои ИДМ" мунташир шуд

© Flickr/ Holiday Gems
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

"Сиёсати хориҷии кишварҳои ИДМ" асари дастаҷамъонаест, ки тайи се сол ҳамроҳ бо гурӯҳи муаллифон доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода онро таълиф намудааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар Русия китоби таълимии "Сиёсати хориҷии кишварҳои ИДМ" мунташир шуд.

Китоби мазкур дастаҷамъонаест, ки тайи се сол ҳамроҳ бо гурӯҳи муаллифон доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода онро таълиф намудааст.

Ба китоб раиси кумитаи иҷроия- котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев сарсухан навишта, ин маводи таълимӣ ба омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ дар ҳудуди кишварҳои ИДМ бахшида шудааст.

Ҳайати муаллифони байналмилалӣ, ки тамоми кишварҳои узви ИДМ-ро намояндагӣ мекунанд, таҳти роҳбарии бевоситаи кафедраи назария ва таърихи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи "Дӯстии халқҳо"-и Русия тамоми равандҳои сиёсати хориҷии давоми 25 соли охирро ба қалам додааст.

Ба ғайр аз нашри кунунӣ ҳамчунин чопи электронии ин мавод мавҷуд аст. Дар охири ҳар як бахш саволҳои санҷишӣ ва номгӯи адабиёт дода шудааст.
Ин маводи таълимӣ барои донишҷӯёну аспирантони риштаҳои "Муносибатҳои байналмилалӣ", "Сиёсатшиносӣ", "Минтақашиносии хориҷӣ" дар кишварҳои ИДМ хеле муфид хоҳад буд.
Маросими рӯнамоии тантанавии ин асари дастаҷамъӣ 15 декабри соли 2017 дар Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо»-и Россия дар доираи конфронси "Сиёсати хориҷии Русия дар ҳудуди кишварҳои ИДМ" бо иштироки муаллифон сурат мегирад.

Барчаспҳо:
сиёсат, китоб, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ