21:58 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Орази Олимшо

Орази Олимшо дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

Из архива РОО "Нур"
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
29120

Овозхони ҷавон Орази Олимшо нахустин барномаи ҳунарии худро дар Маскав баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар ин бора раҳбари Кумитаи фарҳанги созмони "Нур" Аслишо Акимбеков ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

"Ин нахустин консерти Орази Олимшо дар Маскав аст. Ӯ дар ин барнома сурудҳои ҷадиди худро ба таври зинда пешкаши мухлисон хоҳад кард", — гуфт манбаъ.

Консерти Орази Олимшо дар Маскав
© Фото: Аз бойгонии Созмони "Нур"
Консерти Орази Олимшо дар Маскав

Барномаи ҳунарӣ соати 18:00-и рӯзи 30 декабр дар остонаи ҷашни Соли нави милодӣ дар толори консертии "Вдохновение"  оғоз мешавад.

Орази Олимшо пас аз иҷрои сурудҳои "Бахех ке ҷони ширин мурд", "Мате то", "Азум ҳайрон та ҷат", "Лалаяк" ва ғайраҳо миёни мардуми Бадахшон ва берун аз он машҳур шуд.

Интизор меравад, ки дар ин барномаи ҳунарӣ дар баробари сурудҳои зикршуда Ораз эҷодиёти нави худро пешкаши тоҷикони Маскав хоҳад кард.

Барчаспҳо:
барномаи ҳунарӣ, Орази Олимшо, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ