Шеърҳо аз умқи дил: Гулрухсор Сафиева 70 сола шуд

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкГулрухсор Сафиева, архивное фото
Гулрухсор Сафиева, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоири саршиноси тоҷик Гулрухсор Сафиева имрӯз 70-сола шуд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва фаъоли ҷомеа Гулрухсор Сафиева рӯзи 17 декабр 70-солгарди зодрӯзшро таҷлил мекунад.

Гулрухсор Сафиева дар поёни солҳои 90-уми асри гузашта яке аз фаъолони сиёсӣ ва мадании Тоҷикистон ба шумор мерафт ва шеъри ӯ дар кишвар, ҳатто берун аз он ҳаводорони зиёд дошт. Пас аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон барои муддате берун рафт ва дар аввоили соли 1996 ба Ватан баргашт.

Дар ҳоли ҳозир, Гулрухсор  раиси Фарҳангистони байналмилалии Шеъри ҷаҳон мебошад. Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ дар бахши адабиёт ҳаст.

Писатель Абдулькасим Лахути (справа) беседует с народным акыном на I съезде писателей. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем?
 

Зиндагинома

Гулрухсор Сафиева 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нурободи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ба ҳайси мухбири рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва маҷаллаи "Машъал" (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (1970-1981) кор кардааст.

Гулрухсонр солҳои 1987-1993 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буд. Ӯ Котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Асотсиатсияи нависандагони Осиё ва Африко, Раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, Вакили Совети Олии СССР (1989-1991). Президенти Академияи байналмилалии фарҳанги ЕвроОсиё (1994 — 2004, Русия) буд.

Эҷодиёт

Асарҳои Гулрухсор Сафиева ба забонҳои гуногуни мамолики ҷаҳон нашр шудааст. Ӯ нахустин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик, дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мебошад.

Аввалин шеъраш "Баҳор" 1962 унвон дошт. Шеъри ин шоираи наврас "Тоҷикистон" ҳамон сол дар рӯзномаи ноҳиявии Ғарм "Қаротегини советӣ" нашр шуд. Аввалин маҷмӯаи шеъриаш "Бунафша" соли 1970 ба дасти мухлисонаш расид. Ин маҷмӯа аз шоири ҷавону ояндадор будани Гулрухсор ба ворисони шеъри ноб мужда медод.

Ба дунбол китобҳои "Хонаи падар"(1973), "Шабдарав" (1975),"Афсонаи кӯҳӣ" (1975), "Дунёи дил" (1977), "Ихлос" (1980), "Оташи Суғд" (1981), "Гаҳвораи сабз" (1984), "Сипар" (1984) "Оинаи рӯз" (1984), "Шабнам"(1986), "Рӯҳи Бохтар" (1987), "Қасидаи кӯҳистон" (1988), "Тахти сангин" (1992), "Зодрӯзи дард"  (1995), "Дар паноҳи сояи худ" (1998), "Рӯзномаи берӯз" (2000), "Зан ва ҷанг" (2000, 2004, 2013), "Девон" (2004), "Биҳишти хобҳо" (2004), "Девон" (2006), "Сад барги ғазал" (2007), "Ҷовидона" (2009) "Шӯъла дар санг" 2011, "Таронаи Ватан" 2012, ба нашр расиданд.   

 

Лентаи хабарҳо
0