10:53 18 январи 2018
Пахши мустақим
Фортепиано. Акс аз бойгонӣ

Ҷаннати 12-сола чиниҳоро тасхир кард

© Sputnik /
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
16220

Дар шаҳри Пекини Чин консерти навозандаи ҷавони тоҷик Ҷаннат Ҳусейнзода баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik.  Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанг хбар медиҳад.

Ба гузашти манбаъ, моҳи декабри соли 2017 дар қароргоҳи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Пекин консерти камеравии донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулови шаҳри Душанбе Ҷаннат Ҳусейнзодаи 12-сола баргузор шудааст.

 

Консерти мазкур дар доираи силсилаи "Нӯҳ нотаи сеҳрофар" бо ибтикори Котиботи СҲШ ва сафорати Тоҷикистон дар Чин гузаронида шудааст.

Гуфта мешавад, ки Котиботи генералии СҲШ бо равон кардани мактуби расмӣ бо номи Ҷаннат Ҳусейнзода ба Ҳукумати Тоҷикистон ва ба Вазорати фарҳанги муроҷиат карда будааст. 

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода Ҷаннатро самимона ба Пекин хайрамақдам гуфта, дар бораи маҳорати нодири пианинонавози наврас гуфтааст.

"Мухлисони Ҷаннат ӯро барои иҷрои беҳамтои мусиқии композиторони номвар мисли Бах, Чайковский ва Бетховен, инчунин барои асарҳое, ки худи Ҷаннат эҷод кардааст, дӯст медоранд". 

Барномаи консертӣ, ки Ҷаннат Ҳусейнзода ва бо устодаш махсус омода кардааст, асарҳои В.А.Мотсарт, Ф.Менделсон, Я.Сибелиус, Ф.Шопен, Готтшалк ва чанд асарҳои лирикии композиторони муосири хитоиро дар бар гирифтааст.

Худи Ҷаннат мусиқиеро таҳти унвони "Баҳор" пешкаши ҳозирин кардааст.

Дар чорчӯби ин чорабинӣ намоиши аккосӣ таҳти унвони "Таърихи маданияти мусиқии халқи тоҷик" ба маъраз гузошта шудааст. Меҳмонони чорабинӣ, расмҳои ёдгориҳои нодир аз қабили бонуи уднавоз — бозёфти асрҳои VI-VII мелодӣ дар Панҷакенти қадим, ҳайкалчаи асримиёнагии бонуи дафнавоз, ки дар вохӯрии Шоҳи Сосониён Хусрав ва дӯстдоштаи ӯ Ширин иштирок дошт, саҳнаи вохӯрии Шоҳ Хусрави Парвиз ва Борбад ва ғайраҳоро тамошо карданд. 

Дар намоишгоҳ инчунин зиндагиномаи санъаткорони барҷаста ва композиторон, арбобони шоистаи санъати халқи тоҷик мисли Зиёдулло Шаҳидӣ, Аъзам Камолов, Шоҳназар Соҳибов, Ҳанифа Мавлонова, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Фирӯз Баҳор, Дамир Дустмуҳамедов, Талабхӯҷа Сатторов, Шарофиддин Сайфиддинов, Толибхон Шаҳидӣ ва дигарон ҷой дода шуда буданд. 

Ҳусейнзода Ҷаннат  донишҷӯи курси якуми шӯъба ва ихтисоси "Фортепиано"- и Муассисаи давлатии "Коллеҷи санъати Душанбе ба номи А.Бобоқулов" мебошад.

Ӯ аз панҷсолагӣ бо омӯзиши мусиқӣ машғул аст. Дар навохтани пианино ва скрипка маҳорати хос дошта, қобилияти дирижерӣ ва эҷоди асарҳои мусиқӣ ҳам дорад. Ӯ иштирокчии чандин озмун ва ҷашнвораҳои байналмиллалӣ дар кишварҳои гуногун аз қабили Узбакистон, Миср, Фаронса, лауреат ва барандаи медали тиллоии "The Golden Festival International" (Париж, моҳи маи 2015) мебошад.      

Барчаспҳо:
консерти инфиродӣ, Ҷаннат Ҳусейнзода, Пекин

Мавзӯъҳои асосӣ