Милисаҳои тоҷик ба тамошои сирки Узбакистон рафтанд

© Фото : Аз ВУДМилисаҳои тоҷик дар сирки давлатӣ
Милисаҳои тоҷик дар сирки давлатӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли хонаводашон ба тамошои барномаҳои сирки Узбакистон рафтанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳунармандони Сирки давлатии Узбакистонбо барномаҳои ҷолибу фароғатӣ, аз қабили дорбозӣ, жанглёрӣ, амалу ҳаракатҳои ҳайвонҳои омӯзонидашуда, рақс дар таноб ва барномаҳои масхарабоз табъи тамошобинонро болида сохтанд.

"Барномаҳои омоданамудаи ҳунармандонро тамошобинон хуб пазируфта, барои истеъдоду маҳорати баланди касбӣ ва ҳунарҳои волояшон миннатдорӣ изҳор карданд", — омадааст дар хабарнома.

© Фото : Аз ВУДҲунармандони сирки Узбакистон
Ҳунармандони сирки Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунармандони сирки Узбакистон

Инчунин, ба хурдсолони иштирокдошта тӯҳфаҳо тақдим гардидааст.

Дар фарҷом сардори Маркази матбуоти ВКД Умарҷони Эмомалӣ аз номи роҳбарияти ВКД ба аҳли ҳунар ва мутасаддиёни баргузории чорабинии мазкур арзи сипос намудааст.

Намоиши нахустини ҳунарпешаҳои Сирки Тошканд рӯзи 31 декабр, дар толори Сирки давлатии Душанбе баргузор шуда буд.

Сафари ҳунарии сирки Узбакистон муддати як моҳ ба нақша гирифта шуда, арзиши билет аз 30 то 80 сомонӣ мебошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола тамошои барнома бепул аст.

Сафари ҳунарии сирки Тошканд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Узбакистон сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0