06:32 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Работа Акционерного коммерческого банка Энергобанк (ОАО)

Ба як дӯкони саррофӣ дар Душанбе ҳамла кардаанд

© Sputnik / Максим Богодвид
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Пулиси пойтахт дар кӯтоҳтарин фурсат қазияи ҳамлаи мусаллаҳона ба дӯкони мубодилаи асъорро, ки рӯзи шанбеи гузашта сурат гирифта буд, ошкор кард. Гумонбари ин ҷиноят боздошт гардида, далели шайъӣ гирифта шуд.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт таҳқиқи қазияеро, ки зимни он ду корманди дӯкони саррфӣ ҷароҳат бардоштаанд, идома медиҳанд, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамлаи мусаллаҳона шоми 15 ноябр сурат гирифтааст. "Шахси номаълум мусаллаҳ бо корд бо роҳи зӯроварӣ вориди нуқтаи мубодилаи асъор, воқеъ дар кӯчаи Синои шаҳри  Душанбе шудааст ",- меафзояд манбаъ.

Ҳамлагар се маротиба ба бадани корманди коргоҳи мазкур Саймумин Баллаеви 33-сола ва  як маротиба ба бадани Алишер Ҳайитов, сокини ноҳияи Шаҳринав бо корд зада, аз он ҷо ҷамъ 7400 доллари ИМА маблағи пулиро тасурруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа  Баллаев  ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

"Дар ҷараёни таҳқиқот маъмурони шӯъбаи аввали корҳои дохилии ноҳияи Сино бо гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ Шӯҳрат Игамбердиев,  соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Шуғнонро дастгир кардаанд. Далелҳои шайъӣ — 1 адад корд ва 7400 доллари ИМА гирифта шуд", —иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин нахустин мавриди ҳамла ба саррофон ва нуқтаҳои саррофӣ дар Тоҷикистон нест. Дар моҳи апрели соли равон дар ноҳияи Ашт як саррофи "Амонатбонк" бо истифода аз аслиҳаи оташфишони ҳамкораш кушта шуда, пулис гумонбари аслӣ дар ин кушторро дастгир кард. Дар моҳи июни соли 2013 афроди мусаллаҳ панҷ узви хонаводаи як тиллофурӯш  ва сарроф дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба қатл расонданд. Дар соли 2012 як сарроф дар Истаравшан ва дигаре бо номи Манучеҳр Мирзоев дар Душанбе кушта шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ