05:38 21 августи 2017
Пахши мустақим
Рабочая встреча высших должностных лиц ШОС, СНГ, ЕЭС и ОДКБ

СҲШ дар мавриди шибҳинозимиён табодули иттилоъ карданист

© Sputnik / Виталий Белоусов
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Хадамоти амниятии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тасмим доранд, манбаъи ягонаи иттилоъ дар бораи ифротгароёнро, ки ба гурӯҳҳои терорристии давлатҳои гуногун шомиланд, созмон диҳанд.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Кишварҳои аъзои СҲШ рӯйхати шаҳрвандонашонро, ки дар амалиётҳои низомии Ховари Миёна, Сурия ва Афғонистон ширкат доранд, тартиб дода, дар ихиёри якдигар мегузоранд. Дар ин бора намояндаи хадамоти матбуотии Сохтори зиддитерорристии СҲШ ба РИА Новости иттилоъ додааст.

"Ин афрод баъди бозгашт ба маҳалли зисти доимӣ барои минтақа дар қаламрави СҲШ хатари бузург эҷод мекунанд",-қайд кардааст ҳамсӯҳбати оҷонсӣ. Ба қавли ӯ, айни замон санадҳои зарурӣ ҷиҳати табодули иттилоъ оид ба шахсияти ин афрод таҳия ва баррасӣ мегардад.

Ҳафтаи равон дар ҳамоише дар шаҳри Тошканд  масъалаи мубориза алайҳи тундгароён ва гурӯҳҳои терорристӣ матраҳ гардид.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай 15 июли соли 2001 дар ҳайати Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ташкил шудааст. Кишварҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон мақоми нозири ин созмонро доро буда, Беларус, Шри-Ланка ва Туркия иштирокчиёни озод маҳсуб мешаванд. Соли 2004 Сохтори минтақаии зиддитеррористии ин созмон ба манзури мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм ташкил шуда, қароргоҳи он дар пойтахти Ӯзбакистон мебошад.

Барчаспҳо:
сепаратизм, Шри-Ланка, террористӣ, Тошканд, СҲШ, шибҳинизомиён

Мавзӯъҳои асосӣ