12:55 16 январи 2018
Пахши мустақим
Ҷангиён. Акс аз бойгонӣ

Даргирӣ дар Бадахшони Афғонистон идома дорад

© Sputnik / Назар Альян
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Даргирӣ миёни тундравҳо ва кормандони пулис дар Бадахшони Афғонистон ба афзоиши гурезагон аз манотиқи даргирӣ шуда мақомот аз ҷомеъаи байналмиллалӣ дархости кӯмак кардааст.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ёздаҳ нафар тундгаро дар пайи даргирӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон кушта шудаанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба схунгӯйи пулиси Бадахшон Лаъл Муҳаммад Аҳмадзай.

Дар ҷараёни амалиёти низомӣ, ки шоми панҷшанбе шурӯъ шуд, ба иттилоъи пулис 11 нафар кушта ва чанд нафар ҷангҷӯи дигар захмӣ шуданд.
Қаблан тибқи иттилоъи Озодӣ, дар бораи гурӯҳҳои гурезагон аз минтақаи Вардуҷ ва чанд минтақаи ҳаммарзи Бадахшони Афғонистон ба гузари Баҳораки ин вилоят гузориш шуда буд. Таъкид шуда буд, ки бархе аз хонаводаҳо ба шаҳри Файзобод, маркази маъмурии Бадахшон равон ҳастанд.

Мақомоти маҳаллӣ ба Кобул ва созмонҳои байналмиллалӣ бо дархости кӯмак ба гурезаҳо муроҷиъат карданд.

Рӯзи душанбе Афганистан.Ру дар бораи кушта шудани 30 ҷангҷӯ дар Вардуҷ ва асир шудани 14 нафар кормандони пулис хабар дод. Гузориш шудааст, ки тибқи хабари мақомот дар миёни кушташудагон аъзои Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон ва ҷангҷӯён аз Қафқози Шимолӣ ҳастанд.

Таъкид мегардад, ки вилояти Бадахшон аз минтақаи нисбатан ором маҳсуб шуда фармондеҳони маҳаллӣ ва сокинон аз тавзеъи таъсири берунӣ ҷилавгирӣ мекунанд.

Ин вилоят дар шимолу шарқи Афғонистон бо вилояти худмухтори Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Мавзуъ

Тоҷикони Афғонистон дар ҳукумати ҷадид 25% курсиҳоро соҳиб шуданд
Президенти Афғонистон ҷонибдори тамдиди ҳузури неруҳои НАТО аст
Тақвияти реҷаи муҳофизати марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон
Барчаспҳо:
даргирӣ, Афғонистон.ру, Озодӣ, Бадахшон, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ