01:34 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Боздошт. Акс аз бойгонӣ

Шабакаҳо рӯйхати 10 дӯсти боздоштшудаи Қувватовро нашр карданд

© Sputnik / Владимир Астапкович
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Рӯйхати ҳамаи шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик дар Русия ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони тундгарои “Гурӯҳи – 24”, ки дар Тоҷикистон фаъолияти он мамнӯъ эълом шудааст,аз ҷониби хабарнигори тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Factbook нашр гардид.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Темур Варқӣ, хабарнигори тоҷик дар сафҳаи инфиродиаш дар Facebook рӯзи сешанбе иттилоъ дар бораи боздошти даҳ нафарро дар Русия ва Тоҷикистон, ки бо мухолиф Умаралӣ Қувватов иртибот доштанд нашр кардааст.

Ин даҳ нафар, ба гуфтаи хабарнигор, узви созмони "Ҷавонони тоҷик барои эҳё" буданд, ки дар Русия фаъолият мекунад.

Ин созмон, ба гуфтаи аъзои он, ба иттиҳоди "Тоҷикистони навин" шомил аст, ки аз сӯйи мухолифи сарсахти ҳукумати феълӣ Умаралӣ Қувватов бар пояи "Гурӯҳи — 24" таъсис шудааст.

Ба назари коршиносон, ҳамаи боздоштшудагон мухолифи давлати Тоҷикистон ҳастанд ва пайваста аз ҳукумат интиқод мекунанд ва ба ин далел аз сӯйи мақомот хушбин нестанд.

"Ин афрод (боздоштшудаҳо) ба ҳимоят ва таваҷҷӯҳи ҷамъиятӣ ба сарнавишташон ниёз доранд. Ин ҷавонон ба хотири зиндагии беҳтаре барои Тоҷикистон ва сокинонаш ба тундгароӣ муттаҳам мешаванд. Онҳо ба ҳимояти ҷомеъа, ҳуқуқӣ ва анвои дигари пуштибонӣ ниёз доранд. Онҳо ба ҳамгироии шаҳрвандӣ, ҳимоят ва дилсӯзӣ ниёз доранд",-навиштааст Темур Варқӣ.

Ба гуфтаи хабарнигор, рӯйхати боздоштшудагон барои ироаи кӯмакҳо унвонии созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ирсол шудааст.

Феҳрасти "Гурӯҳи 10"

Дар рӯйхате, ки оқои Варқӣ таҳия кардааст, атбоъи боздоштшудаи тоҷик дар Русия ҳафт нафар, аз ҷумла як зани солхӯрда низ мебошанд:
1. Нуриддин Ризоевич Бафоев, мутаваллиди 10 апрели соли 1970, сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд. Дар Маскав 25 ноябри соли 2014 боздошт шудааст.

2. Меҳрубон Хасанович Сатторов, мутаваллиди 14 майи соли 1989 дар вилояти Хатлон ба дунё омадааст, вале сокини ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд мебошад. Дар Маскав 3 декабри соли 2014 боздошт шуда, дар боздоштгоҳи №4 Москав нигаҳдорӣ мешавад.

3. Абдураҳим Илҳомиддинович Восиев, мутаваллиди 21 майи соли 1987, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон. Дар Маскав 12 ноябри соли 2014 боздошт шуда, дар боздоштгоҳи №4 нигаҳдорӣ мешавад.

4. Карим Абдуалимович Обидов, маҳал ва таърихи таваллудаш рӯшан нест. Дар Маскав боздошт шудааст.

5. Сулаймон Шарифович Ҷобиров, мутаваллиди 1 ноябри соли 1982, зодаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон. Дар шаҳри Самара иқомат дошт ва дар он ҷо 19 декабри соли 2014 боздошт шуда, дар боздоштгоҳи №1 ин шаҳр нигаҳдорӣ мешавад.

6. Оятулло Муҳиддинович Гиляев, мутаваллиди 10 апрели соли 1988, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ. Дар шаҳри Новосибирск боздошт шудааст.

7. Розия Ҳасановна Абдураҳмонова, мутаваллиди 1 январи соли 1961, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон. Дар шаҳри Новосибирск 19 декабри соли 2014 боздошт шудааст.

Ба иттилои хабарнигор, бештаре аз боздоштшудагон дар тундгароӣ ва ифротгароӣ муттаҳам мешаванд.

Мавзуъ

Қувватов дар гаравгонгирӣ гумонбар мешавад
Ҳамсари Қувватов аз СММ кӯмак мехоҳад
Ҳамсари Қувватов аз Эрдуғон хост, шавҳарашро ба Тоҷикистон надиҳад
Боздошти Умаралӣ Қувватов дар Истамбул
Барчаспҳо:
боздошти ҷонибдорони Қувватов, "Ҷавонони тоҷик барои эҳё", "Гурӯҳи 24", Темур Варқӣ, Умаралӣ Қувватов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ