01:41 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Штаб-квартира Интерпола во Франции. Архивное фото

“Интерпол” дар Тоҷикистон 2,5 ҳазор нафарро дастгир кардааст

wikimedia.org
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

“Натиҷаҳои фаъолияти Бюрои марказии миллии “Интерпол” назаррас буда, дар давоми фаъолият зиёда аз 2500 нафар ашхоси дар кофтуковбуда, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд", - гуфтааст вазир.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар даҳ соли фаъолияти худ Бюрои марказии миллии "Интерпол"-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бештар аз 2,5 ҳазор афроди дар кофтукоббударо дастгир кардааст, менависад сомонаи вазорати мазкур.

Зимни чорабиние, ки бахшида ба 10 — солагии таъсисёбии бахши "Интерпол"-и Тоҷикистон дар вазорати дохилӣ барпо шуд, Рамазон Раҳимзода аз фаъолияти "Интерпол" тамҷид карда, гуфтааст, "кормандони он дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва дастгир намудани шахсони ҷустуҷӯшаванда саҳми назаррас доранд".

Вазир ҳамчунин гуфтааст, дар ду-се соли охир фаъолияти бахши «Интерпол» дар Тоҷикистон тақвият ёфтааст.

"Натиҷаҳои фаъолияти Бюрои марказии миллии "Интерпол" назаррас буда, дар  давоми фаъолият зиёда аз 2500 нафар ашхоси дар кофтуковбуда, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Бюрои "Интерпол"-и Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳои аъзои Интерполи тамоми дунё ҳамкориҳои судманд дошта, сол аз сол ин ҳамкориҳо тақвият меёбанд", — навиштааст сомона.

Феълан чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ ҳастанд, тавассути "Интерпол" кофтукоб мешаванд. Аз ҷумла Низомхон Ҷӯраев, собиқ мудири корхонаи кимиёвии Исфара, ки дар анҷоми як қатор ҷиноёт айбдор мешавад, дар ҷустуҷӯи интерпол аст.

"Интерпол" ташкилоти ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ буда, соли 1923 бо қарори Конгреси байналмилалии полис таъсис ёфтааст.

Тоҷикистон ба узвияти Ташкилоти Байналмилалии Полиси ҷиноятӣ ("Интерпол") дар соли 2004 ба ҳайси 183-умин давлати аъзои ин ташкилот пазируфта шуд.

Бюрои "Интерпол" дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумат аз 28-уми январи соли 2005  таъсис шудааст.

Ба "Интерпол" ё худ пулиси байналмилалӣ 190 давлати дунё аъзо ҳастанд. Ин созмон афродеро меҷӯяд, ки аз тафтишот ва ё додгоҳ пинҳон шудаанд; маҳкумшудагони аз ҷойҳои иҷрои ҷазо фирорнамуда ва шахсони бедарак гумшуда, инчунин муайян намудани ҷасадҳои шахсияташон номаълумро ҷустуҷӯ мекунад. Ҳамзамон кофтукоби воситаҳои нақлиёти тасарруфшуда, ҳуҷҷатҳои гумшуда ва тасарруфгардида, ашёи фарҳангии аҳамияти таърихидошта ва антиқаи сатҳи байналмиллалиро низ ба дӯш дорад.

Барчаспҳо:
кофтукоб, 2,5 ҳазор нафар, 10-солагӣ, таҷлил, ҷустуҷӯ, ҷинояткор, "Интерпол", ВКД, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ