23:45 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Стиг Берглинг. Акс аз бойгонӣ

Даргузашти ҷосуси машҳури шӯрави Стиг Берглинг дар Шветсия

AP Photo/Anders Wiklund, File
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
1 0 0

Пулиси амниятии Шветсия ҳанӯз дар аввали солҳои 70-уми садаи 20 пай бурда буд, ки касе аз ин сохтор иттилои махфиро ба берун мебарад.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Собиқ корманди пулиси амниятии Шветсия Стиг Берглинг (с.т 1937), ки дар солҳои 1970 ба нафъи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷосусӣ мекард, чанд рӯз қабл дар Шветсия аз дунё даргузашт, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба хабари расонаҳои шветсиягӣ.

Фаъолияти Берглинг дар мақомоти пулиси Шветсия соли 1958 оғоз гардида, соли 1969 ба сафи пулиси амниятӣ қабул шуд.

Пулиси амниятии Шветсия ҳанӯз дар аввали солҳои 70-уми садаи 20 пай бурда буд, ки касе аз ин сохтор иттилои махфиро ба берун мебарад. Миёни гумонабарон исми Стиг Берглинг ҳам буд ва оқибат дар соли 1977 дар Исроил боздошт шуд.

Боздошт ва ҳабси собиқ корманди пулиси амниятии Шветсия то ҳанӯз ҳам аз пурсарусадотарин ҳодисаи марбут ба ҷосусӣ ба ҳисоб меравад. 7 декабри соли 1979 мурофиаи додгоҳии Берглинг ба анҷом расида, ӯ бо иттиҳоми хиёнат ба ватан барои якумр равонаи зиндон гардид. Гуфта мешавад, маҳкумшуда иттилоъи махфӣ дар бораи иншоотҳои низомии Шветсияро ба хадамоти махсуси шӯравӣ ироа мекардааст.

Моҳи октябри соли 1987 аснои мураххасии кӯтоҳ, ки барои зиндониён пешбинӣ мешавад, Берглинг фирор карда, тариқи Хелсинки (Финляндия) ба Русия паноҳ бурд. Баъдан, дар Будапешт ва Маскав бо хонаводааш ба сар мебурд.

Соли 1994 зану шавҳар ихтиёран ба Шветсия баргаштанд. Стиг Берглинг то соли 1997 дар маҳбаси Шветсия ба сар бурд, соли 1997 ба таври шартӣ аз зиндон озод гардид.

Барчаспҳо:
ҷосуси машҳури шӯравӣ, даргузашт, Пулиси амниятии Шветсия, Стиг Берглинг, Хелсинки, Будапешт, Маскав, Русия, Шветсия

Мавзӯъҳои асосӣ