05:43 21 августи 2017
Пахши мустақим
Милисаҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Кӯмаки Чин ба мақомоти милисаи Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Чин барои харидории либосҳои махсуси милисаҳои тоҷик ҳудуди 150 ҳазор доллар ҷудо мекунад.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Созишнома дар бораи ёрии бебозгашт (билоиваз) дар ин бора миёни ВКД ҶТ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ба имзо расид, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ дар такя ба дафтари матбуотии ВКД.

Гуфтанист, дар доираи ин тарҳ барои милисаҳои Тоҷикистон харидории либосҳои махсуси зимистона ва тобистона дар ҳаҷми 940 ҳазор юан (муодили 150 ҳазор доллар) дар назар аст. Зимнан, дар чорчӯби ин тавофуқот мулоқоти Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо Фан Сянжун, сафири Чин дар ҶТ баргузор шуд.

Ҷонибҳо дар нишаст масоили марбут ба ҳамкории мақомот, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз терроризм ва ҷудиталабиву ифротгароиро баррасӣ карданд. Ба иддаои Раҳимзода, баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо ба ҳар ду ҷониб манфиат меорад, ҳадафҳоро мушаххас карда, муносиботи тарафайнро тақвият мебахшад.

Мавзуъ

Раҳимзода: мо аз сармоягузориҳои Чин ҳарос надорем
Шартномаи истирдоди ҷиноятпешагон бо Чин имзо шуд
Вазорати молия: қарзи Тоҷикистон аз Чин беш аз $900 миллион аст
Чин мехоҳад “Тоҷиказот”-ро гардон кунад
Чин барои иҷрои тарҳҳо дар Тоҷикистон $500 миллион иттихоз мекунад
Барчаспҳо:
милисаҳои тоҷик, кӯмаки Чин, сафири Чин, ВКД ҶТ, Фан Сянжун, Рамазон Раҳимзода, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ