Вазорати адлияи ИМА: ӯзбакистонӣ нияти куштани Барак Обамаро дошт

© APҶангиёни "Давлати исломӣ"
Ҷангиёни Давлати исломӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони ИДМ- ҷонибдорони “Давлати исломӣ” дар ИМА боздошт шуданд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Се табааи ИДМ, ду зодаи Ӯзбакистон ва якеи дигар аз Қазоқистон дар Иёлоти Амрико бо иттиҳоми кӯмак ба "Давлати исломӣ" ва нияти сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур ИМА дастгир шудаанд, менависад медиҳад РИА Новости, дар такя ба баёнияи Вазорати адлияи Амрико.

Ба қавли манбаъ, се зодаи Осиёи Марказӣ дар Бруклин бо иттиҳоми қасди кӯмаки молӣ ба ҷангиёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, ду нафари онҳо — Абдурасул Ҷӯрабоеви 24-сола аз Ӯзбакистон ва Аҳрор Саидаҳмадови 19-сола аз Қазоқистон ният доштаанд аз тариқи Туркия ба Сурия рафта, ба ҷангиёни "Давлати исломӣ" бипайванданд.

Наручники. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: боздошти “сардабир” ва зуҳури ҷангандаи 80-солаи тоҷики ДИ

Мақомоти додситонии Амрико дар дархости расмимаш аз 25 феврал гуфтаанд, ки Ҷӯрабоев ҳамчунин омода буд, дар сурати гирифтани дастур аз тарафи "Давлати исломӣ" ба амали террористӣ дар худи Амрико ҳам даст бизанад.

"Саидаҳмадов ба он айбдор мешавад, ки дар сурати муяссар нашудани сафараш ба Сурия низ даст ба амали террористӣ бизанад. Ба гуфтаи мақомот, Ҷӯрабоев даъво додааст, ки агар "Давлати исломӣ" бифармояд, раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро хоҳад кушт".

Аҳрор Саидаҳмадов пешниҳод кардааст, ки агар рафтанашон ба Сурия даст надиҳад, силоҳ харида, афсарони пулис ва FBI — Созмони федеролии тафтишоти Амрикоро бикушанд.

Нафари сеюм дар ин парванда Аброр Ҳабибови  30-сола аз Ӯзбакистон аст, ки бовар меравад, ба Аҳрор Саидаҳмадов барои пайвастан ба сафи ҷангиёни "Давлати исломӣ" кумак мекард.

Парвандаҳои онҳоро додгоҳҳои Ню-Йорку Флорида баррасӣ мекунанд. Дар сурати собит шудани иттиҳомоти эълоншуда, ба ин се нафар зодаи Осиёи Марказӣ дар Амрико то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Лентаи хабарҳо
0