Додгоҳи Дубай барои 13 килограмм ҳероин 10 соли зиндонро раво дид

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМаводди мухаддир
Маводди мухаддир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон барои талоши қочоқи 13 килограмм ҳероин ба Дубай ба 10 соли зиндон ва пардохти ҷаримаи ҳангуфт маҳкум шудааст ва баъд аз адои ҷазо вай ихроҷ хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон барои талоши 13 килограмм ҳероин ба Дубай ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба ғайр аз маҳкумият аз озодӣ, додгоҳи Аморати Арабӣ муввазаф кард, ки маҳкумшуда ҷаримаи бузург пардохт кунад.

Дар хабар омадааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон 4 июни соли гузашта ҳангоме боздошт шуд, ки зимни бозрасии гумрукӣ аз боғоҷи вай 13 килограмму 610 грамм ҳероиш кашф ва мусодира шуд.

Мақомоти Дубай изҳор доштанд, ки баъд аз адои мӯҳлати ҷазо муттаҳам ба ватани худ истирдод хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0