Зодаи Тоҷикистон дар ҳамла ба занон гумонбар аст

© Flickr \ Keith AllisonБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини 23- солаи Тоҷикистон, ки ба ҳамалоти ғоратгарӣ муттаҳам аст, анҷом ва ба додгоҳ ирсол шудааст.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Зодаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми анҷоми се ҳамлаи ғоратгарона дар вилояти Воронеж муттаҳам медонанд, хабар додааст маркази матбуотии бахши пулис дар вилояти Воронеж.

Таҳқиқи парвандаи ҷиноии марбут ба се мавриди ҳамлаи ғорагарона, ки дар онҳо шаҳрванди 23- солаи Тоҷикистон муттаҳам аст, анҷом ёфта ба додгоҳ ирсол шудааст.

Тибқи иддаъи таҳқиқот, ин ҷиноётро зодаи Тоҷикистон якҷо бо як шиносаш анҷом додаст.

Шоми 14 ноябри соли 2014 ин ҷавонон ба духтараке ҳамла карда ҷуздони ӯро рабуданд. Аз маҳалли ҳодиса онҳо фирор кардаанд. Дар пайи ин ҳамла ҷабрдида ба маблағи ҳудуди 4,5 ҳазор рубл хисорот бардоштааст, ки барояш чандон сангин набудааст, — омадааст дар хабар.

Гузашта аз ин, худи ҳамон рӯз бо фарқияти даҳ дақиқа ҷинояткорон боз ду ҳамлаи мушобеҳ ба занҳо анҷом додаанд, ки дар ҷараёни онҳо ба ҷабрдидагон ба маблағи умумии ҳудуди 25 ҳазор рубл хисорот ворид шудааст.

Ин мард иттиҳомоти воридаро эътироф кард. Парвандаи ҷиноӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Феълан маъмурони пулис иқдомотеро барои ошкор кардани фарди дуввуми муҳоҷим рӯйи даст гирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0