Миқдори ҷиноят дар Тоҷикистон 14% афзоиш ёфт

Обуна шудан
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ниҳоди оморӣ аз афзоиши миқдори ҷинояти сабтшуда дар Тоҷикистон нисбати ҳамин давраи соли гузашта хабар медиҳад.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2015 дар Тоҷикистон 6478 ҷиноят сабт шудааст, ки аз онҳо 1543 ҷиноят сангин ва ин рақам дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта 12,4% бештар мебошад, омадааст дар ахбори Ожонси омори Тоҷикистон.

Миқдори умумии ҷиноят дар Тоҷикистон 14,2% афзоиш ёфта 6478 адад шудааст, ки аз онҳо 1543 маврид ҷинояти сангин, 1549 мавриди дуздӣ, 1238 мавриди тақаллуб мебошанд.

Фазои ҷароим дар ҷумҳурӣ умдатан аз қатл, латукӯб, дуздӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ, ҷароими марбут ба маводди мухаддир, ришваситонӣ ва ғайра иборат мебошад.

Нисбати соли гузашта миқдори камтари мавориди ғоратгарӣ ва авбошӣ — 46 ва 280 маворид сабт шудааст. Миқдори мавориди сабтшудаи таҷовуз ва бардоштани ҷароҳатҳои сангин низ мушоҳида шудааст — 6 ва 36 маворид.

Афзоиши қобили чашмраси мавориди ҷароими сабтшуда дар вилояти Хатлон — 34,3%, дар вилояти Суғд — 17,7%, дар навоҳии тобеъи марказ — 15,8%, дар Душанбе — 0,9% мушоҳида шудааст. Ҳамзамон дар ВМБК — 6,3% коҳиши мавориди ҷароими сабтшуда мушоҳида шудааст.

Мавориди тақаллуб — 14,5%, ришваситонӣ — 21,3%, дуздӣ — 36%, аз ҷумла дуздӣ аз манзил — 13,6%, ғоратгарӣ — аз 11 то 15 маврид коҳиш ёфта мавориди қочоқи инсон ва дуздии инсон дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондаанд.

Дар муқоъиса бо моҳҳои январ ва марти соли 2014 коҳиши мавориди ҷароими марбут ба маводди мухаддир зикр мешавад — 11,4%.

Мавориди сабти таҷовуз ва талош ба таҷовуз — 53,8%, расонидани ҷароҳатҳои сангин — 44,4%, ғоратгарӣ — 14,8% ва авбошӣ — 7% мушоҳида шудааст.

Дар ин муддат 877 мавориди ҷинояти иқтисодӣ (афзоиши 2,6% дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли 2014) сабт шудааст ва аз онҳо 329 ҷиноят аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ ошкор ва алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба ин ҷароим ришваситонӣ, сирқат дар ҳаҷми бузург, дуздӣ ва ғайра шомиланд.

Дар моҳҳои январ ва марти соли 2015 112 мавриди нақзи қавоиди ҳаракат дар роҳ, ки дар пайи онҳо мардум ҷароҳатҳои сангин гирифта ё фавтидаанд сабт шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24,4% бештар мебошад.

Миқдори умумии ифшои ҷароим дар моҳҳои январ ва марти соли 2015 83,6% аст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта (82,2%) бештар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0