ВАО: СПАД дар Тоҷикистон омодагии неруҳояшро месанҷад

© Sputnik / Ярослав Рощупкин / Гузариш ба медиабонкМаросим ифтитоҳи тамриноти таълимии "Бародарии устувор-2014". Акс аз бойгонӣ
Маросим ифтитоҳи тамриноти таълимии Бародарии устувор-2014. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои вокуниши сареъи вазоратҳои дифоъи панҷ кишвари узви СПАД - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ҳушдор ё ишораи ҷангӣ гирифтанд, ки бояд ба таври оҷил барои муқобила бо душмани эҳтимолӣ ба Тоҷикистон расанд.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар Тоҷикистон барои нахустин бор омодагии неруҳои вокуниши сареъашро месанҷад, иттилоъ медиҳад ОИ Tojnews бо такя ба дафтари матбуотии Вазорати мудофиа.

Манбаъ менависад, нерӯҳои вокуниши сареъи вазоратҳои дифоъи панҷ кишвари узви СПАД — Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия рӯзи 12 май дар кишварҳои худ ҳушдор ё ишораи ҷангӣ гирифтанд, ки бояд ба таври оҷил барои муқобила бо душмани эҳтимолӣ ба Тоҷикистон, кишвари дигари узви СПАД расанд.

"Ин размоиши низомӣ набуда, санҷиши ногаҳонии омодагии неруҳои вокуниши сареъи СПАД аст, то фаҳмида шавад, ки дар ҳоли вуруди нерӯи душман ба марзҳои созмон онҳо дар кадом муддат силоҳу муҳимот ва заруриёти ҷангии худро ва бо чӣ кайфият метавонанд худро ба маҳалли муқарраршуда расонанд",- мегӯяд Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон.

Вай афзуд, неруҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Русия тариқи ҳавопаймоҳои низомӣ ва неруҳои Қирғизистон аз роҳи заминӣ вориди Тоҷикистон мешаванд.

Ба қавли ӯ, дар санҷиши омодагӣ 2 ҳазор сарбози мусаллаҳ бо силоҳу муҳимоти Нерӯҳои зудамали СПАД дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони вилояти Хатлон ҷамъ омада, то 22-юми май бо марзи Тоҷикистону Афғонистон аз вилояти Хатлон то Бадахшон ошно шуда, ҳамзамон таҳти фармондеҳии Шералӣ Мирзо, вазири дифоъи Тоҷикистон амалиётҳои озмоишӣ мегузаронанд.

 Оқои Маҳмадалӣ гуфт, дар амалиёт ҳавопаймоҳо ва силоҳу муҳимоти вазнини низомӣ низ истифода мешаванд.

15-уми майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ташкили Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) — ро ба имзо расонданд, ки ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ асос гузошт. Ин тарҳро Озарбойҷону Гурҷистону Белорус соли 1993 имзо карданд. Паймон соли 1994 барои 5 сол имзо шуд. Соли 1999 онро тамдид карданд, аммо  Озарбойҷону Гурҷистон ва Ӯзбакистон онро имзо накарданд. 14 майи соли 2002 дар Маскав ПАД ба созмон табдил ёфт ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ном гирифт. Соли 2006 Ӯзбакистон боз узвияти СПАД — ро ба даст овард ва соли 2013 фаъолияташро дар созмон мутаваққиф кард.  Нерӯҳои вокуниши сареъ (КСОР) — и СПАД бошад,  4-уми феврали соли 2009 дар Маскав ташкил шудааст. Ба ҳайати он ҷузъу томҳои неруҳои таъиноти махсуси кишварҳои узви СПАД — Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ваТоҷикистон дохил мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0