12:55 16 январи 2018
Пахши мустақим
Вулусволии Бадахшони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Ҷангҷӯён 9 ноҳияи Бадахшони Афғонистонро зери назорати худ гирифтаанд

© AP/ Massoud Hossaini
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Фаъолони ҷомеи мадании вилояти Бадахшони Афғонистон аз таҳти тасарруфи гуруҳҳои террористӣ қарор гирифтани 9 ноҳияи ин вилоят хабар додаанд.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Бархе аз сарони (бузургони) минтақаи Бадахшони Афғонистон рӯзи 15 май дар нишасти хабарие гуфтаанд, маҳз бетаваҷҷӯҳии ҳукумати марказӣ боиси ин ҳолат шудааст ва 9 навоҳӣ таҳти тасарруфи ифротгароён қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад Afghanistan.shafaqna.com.

Манбаъ бо такя ба суханони пешвоёни минтақа меафзояд, агар ин раванд идома ёбад, ҳукумати Афғонистон назорати  вилояти Бадахшонро ба пуррагӣ аз даст медиҳад ва эҳтимоли воридшавии террористон ба дигар вилоятҳои кишвар низ ҳаст.

"Санаду далелҳои мувассақ мавҷуд аст, ки ҳукумати марказии Афғонистон дар саркӯби ҷангҷӯёни хориҷӣ дар вилояти Бадахшон иродаи қавӣ надошт ва мубориза бо ин гурӯҳҳо сатҳӣ ба назар мерасид",-  гуфтаанд фаъолони Бадахшон.

Фаъолони вилояти Бадахшон бар ин назаранд, ки маҳз бетаваҷҷӯҳии ҳукумати марказии Афғонистон сабаб шудааст, ки вилояти Бадахшон ба як пойгоҳи ноороми ҷангҷӯёни хориҷӣ табдил ёфтааст.

Ҳамзамон, ин пойгоҳи хабарӣ менависад, дар ҳоли ҳозир 36 хонаводаи хориҷӣ бо шумули тоҷику ӯзбак, чечену қазоқ ва панҷобиҳо дар ноҳияи Ҷурми ин вилоят ҷойгир шудаанд, ки дар амалиётҳои террористӣ дар Бадахшони Афғонистон вилоят нақши фаъол доранд.

Ба иттилои ин расона, гӯиё бузургони Бадахшон гуфтаанд, дар таҳти тасарруфи гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифтани 9 ноҳияи ин вилоят баъзе аз раҳбарони қабилаву мофиё даст доранд, ки ҳукумати марказии Афғонистон онро бояд таҳқиқ ва дастандаркоронро ба маҳкама кашад.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳамсарҳад аст, беш аз як миллион аҳолӣ дорад. Ин вилоят, ки дорои манобеи бойи табиӣ ва марз бо кишварҳои ҳамсоя аст, дар ҳоли ҳозир яке аз ноамнтарин минтақа ва макони аслии гурӯҳҳои террорист дар Афғонистон ба шумор меравад.

Мавзуъ

Барои тақвияти неруҳои амниятии Афғонистон НАТО $60 млн ҷудо мекунад
Вазири тоҷик: Тоҷикистон нигарони ҷангҳои Афғонистон аст
Дар шимолу шарқи Афғонистон дастикам 30 толиб кушта шуданд
Дар соли ҷорӣ дар Афғонистон ҳосили бесобиқаи афюн пешбинӣ мешавад
Беш аз 140 тан мухолифини давлати Афғонистон дар Кундуз кушта шуданд
Барчаспҳо:
ноамнӣ дар шимоли Афғонистон, ҳукумати маркази гунаҳкор аст, назорати мантақа, 9 ноҳияи Бадахшон ба дасти ҷангҷӯён афтодааст, Толибон, Бадахшони Афғонистон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ