Се атбоъи тоҷик ба иттиҳоми ҳероин дар вилояти Москав боздошт шуданд

© Sputnik / Александр Алпаткин / Гузариш ба медиабонкМаҳви мухаддирот. Акс аз бойгонӣ
Маҳви мухаддирот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Москав аз фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ, ки ба тавзеъи ҳероин машғул буду дар суфуфаш чанд нафар қочоқчиён ва фурӯшандаҳо буданд боздошт шудаанд ва онҳо ба муштариён ҳероинро тавассути махфигоҳҳо тавзеъ мекардаанд.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Пулиси зиддимухаддаротии вилояти Москав се нафар шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми тавзеъи ҳероин боздошт кардааст ва аз онҳо беш аз 8,5 килограмм мухаддирот забт шудааст, хабар медиҳад маркази матбӯъотии раёсати ИФНММ Русия дар вилояти Москав.

"Фаъолияти гурӯҳе ҷилавгирӣ шуд, ки дар он харидорони мӯътоди ноболиғ ва қочоқчиёне шомил буданд, ки ҳероинро аз манотиқи дигар ба вилояти Москав интиқол медоданд", — омадааст дар хабар.

Маъмурон тавзеъкунандагони ҳероинро баъд аз он ба назорат гирифтанд, ки дар постгоҳи пулиси роҳ дар ноҳияи Кашира хонуми бекори тоҷикистонӣ бо 750 граам ҳероини басташуда боздошт шуд. Ҳангоми бозрасии манзили хонуми боздоштшуда маъмурон дар он ҷо боз боз як нафар бекори тоҷикистониро диданд, ки аз манзил ҳамон миқдор ҳероинро берун мебаровард.

Ҳероин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ду табаъайи тоҷик дар Русия барои 16 кг ҳероин муҷозот шуданд

"Зимни бозрасии манзил, дар ошхона дар паси ҷевончае боз як миқдори бузурги мухаддироти 2 килограммии барои фурӯш омодашуда забт карда шуд. Дар ин манзил қочоқчиён бо дарёфти ин маводд онро бо ҳар гуна изофаҳо омехта карда, вазни онро зиёд мекарданду сипас ба бастаҳо тақсим ва тавассути пинҳонгоҳҳо ба харидорон тавзеъ мекарданд", — зикр шудааст дар хабар.

Ҳангоми бозпурсии муттаҳамон ошкор шуд, ки ба ин суроға дар зудтарин фурсат бояд миқдори навбатии бузурги ҳероин ироъа шавад.

Маъмурон ҳуввияти ин қочоқчиро мушшахас карданд. Ин зодаи 29 солаи шаҳри Душанбе будааст. Аз пайи вай назорат роҳандозӣ шуд ва ҳангоми интиқоли ҳероин тавассути мошини хориҷиаш боздошт карда шуд.

"Зимни бозрасии мошин дар ҷойгоҳи маводди сӯхтӣ махфигоҳе ошкор шуд ва аз он ҳудуди 5 килограмм ҳероин заб гардид. Мухаддироти забтшуда дараҷаи олӣ мебошад ва дар таркибаш вуҷуди диастетилморфин 60% буд. Барои мисол: бастаҳои ҳероине, ки дар хиёбонҳо тавзеъ мешаванд дорои 2,5-3% диастетилморфин мебошад", — таъкид кард маркази матбӯъотӣ.

Алайҳи куллияи боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва маъмурон аъзои дигари ин гурӯҳи ҷиноиро кофтукоб мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0