Ҷангҷӯёни ДИ 10 нафар толибро қатл карданд

© AP / Amir SharҶангҷӯёни Толибон дар роҳ ба самти Бағлон. Акс аз бойгонӣ
Ҷангҷӯёни Толибон дар роҳ ба самти Бағлон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъд аз он ки гурӯҳҳои “ДИ” ва “Толибон” дар авохири моҳи апрел ба ҳам ҷанг эълом карданд, мухолифати байни онҳо ташдид ёфт.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дастикам 10 нафар толибон рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти шарқии Афғонистон Нангарҳор ба қатл расиданд, хабар медиҳад пойгоҳи интернетии "Афганистан.Ру" бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.

Ҷангҷӯёни "ДИ" толибонро рабуданд ва рӯзи чаҳоршанбе онҳоро дар вулусволии Ачин эъдом карданд.

ВАО: ҷангиёни “ДИ” ва “Толибон” ба ҳам ҷанги муқаддас эълом карданд

Мухолифати "Толибон" ва "Давлати исломӣ" дар Нангарҳор тундӣ сурат мегирад. Қаблан дар вулусволии Спингари ин вилоят ҷангҷӯёни ДИ манозили фармондеҳони толибонро оташ зада буданд.

Мухолифати миёни ин ду гурӯҳ дар вилояти ғарбии Фараҳ низ идома дорад.

Хабарҳои нахустин дар бораи эъломи мутақобилаи ҷанг миёни ин ду ҷунбиш дар авохири моҳи апрел ба даст расиданд ва ахбори қурбониёни нахустин дар авохири моҳи май паҳн шуданд.

Лентаи хабарҳо
0