ИАУ далели ихроҷи хабарнигори “Шабаки аввал”-ро тавзеъ дод

© Sputnik / Вячеслав Бобков / Гузариш ба медиабонкШаҳри Киев. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Киев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хабарнигори “Шабакаи аввал” аз нимаи дуввуми рӯзи чаҳоршанбе бо дафтари кории худ дар тамос намешавад. Дертар маълум шуд, ки ӯро аз Украина ихроҷ карда? барои се сол вуруд ба ин кишварро маyъ сохтаанд.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Хабарнигори "Шабакаи аввал" Александра Черепнинаро ИАУ ба далели ҷилавгирии вай аз "тахрибкорӣ" ихроҷ кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабари сафҳаи расмии Идораи амнияти Украина (ИАУ) дар Facebook.

Хабарнигори "Шабакаи аввал" Александра Черепнина аз нимаи дуввуми рӯзи чаҳоршанбе бо дафтари худ дар тамос нашудааст.

Дертар, омадааст дар хабар, Александра ба дафтари худ занг зада хабар дод, ки вай аз сӯйи маъмурони ИАУ боздошт шуда феълан дар дохили ҳавопаймои масири Москав қарор дорад. Вай ба раҳбарият хабар додааст, ки ИАУ иддаъо дорад, ки яке аз наворҳои видеоиаш тақаллубӣ мебошад.

Ба иттилоъи хабаргузорӣ, ҳавопаймо, ки дар дохилаш Черепнина қарор дошт, ҳудуди соъати ҳафти шом дар фурӯдгоҳи Внуково фуруд омад.

Идораи амнияти Украина изҳор дошт, ки ба хабарнигори шабакаи телевизионии Русия Черепнина барои се сол вуруд ба ин кишвар мамнӯъ шудааст. Ба иттилоъи ИАУ Черепнина "талош кардааст, ки навори видеоии тақаллубиеро сабт кунад, ки мақомоти украиниро бадном месозад".

"Идораи амнияти Украина тасмим гирифтааст аз аъмоли тахрибкоронаи хабарнигори "Шабаки аввал" ҷилавгирӣ шавад. Дирӯз вай боздошт ва иҷборан ба Федератсияи Русия ихроҷ шудааст. Ҳамзамон ба Александра Черепнина барои се сол вуруд ба Украина мамнӯъ шудааст", — омадааст дар хабар.

Муъовини мудири кулли "Шабакаи аввал", раҳбари раёсати барномаҳои иттилоъотӣ Кирилл Клейменов дар сӯҳбат бо РИА Новости зикр кард, ки боздошти хабарнигорашон бештар ба дуздии вай шабеҳ буд.

"Вақте ниҳодҳои расмӣ инсонро боздошт карда ба ӯ иҷзо намедиҳанд, ки бо пайвандонаш ва корфармоёнаш дар тамос шавад — ин амали даҳшатнок мебошад".

Комитети бозрасии ФР дар мавриди ихроҷи Черепнина парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0