“АРМИ-2015”: танкчиёни тоҷик дар биатлон дар мақоми севвум ҳастанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСабқати ҷаҳонии "Биатлони танкӣ"
Сабқати ҷаҳонии Биатлони танкӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танкчиёни тоҷик дар пайи анҷоми рӯзи нахустини мусобиқоти “биатлони танкӣ” дар чаҳорчӯбаи “Бозиҳои низомии байналмиллалии – 2015” ба сегонаи қавитаринҳо шомил шудаанд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Гурӯҳи танкчиён аз Тоҷикистон дар пайи нахустин рӯзи сабқати "биатлони танкӣ" дар ҷойгоҳи севвум қарор доранд, хабар медиҳад маркази матбуотии вазорати дифоъи Русия.

"Танкчиёни тоҷик лейтенантҳо Пайрав Давлатов, Саъидмӯъмин Шарифов ва лейтенанти бузург Фарҳод Ҷалолов аз куллияи мавонеъ дар масир дар 42 дақиқаву 59 сония убур карда дар ҷадвали мусобиқот ҷойгоҳи севвумро касб карданд", — омадааст дар хабар.

Ҷойгоҳи дуввумро танкчиёни Сербия касб кардаанд, ки ин масирро дар 34 дақиқаву 41 сония тай кардаанд. Пешсафи рӯзи нахустини сабқат тими Русия мебошад, ки ин масири дорои манвоеъро дар 28 дақиқаву 41 сония гузаштааст.

Дар рӯзи оғози ин сабқат, ки 1 август баргузор шуд, се давраи озмун анҷом шудаанд, ки дар онҳо тими Русия, Сербия, Тоҷикистон, Никарагуа, Венесуэла, Муғулистон ва Ангола ширкат кардаанд.

Рӯзи душанбе дар размоишгоҳи "Алабино"-и вилояти Москав сабқати танкчиён дар навҳаи "Пойгаи хусусӣ"-и озмуни "Биатлони танкӣ", ки дар чаҳорчӯбаи "Бозиҳои низомии байналмиллалии — 2015" сурат мегирад, идома ёфтанд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Русия дар ин рӯз барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ 10 тими танкчиён аз Араманистон, Венесуэла, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Кувайт, Никарагуа, Сербия ва Тоҷикистон вориди сабқат мешаванд.

Пирӯзи озмуни "Пойгаи хусусӣ" 6 август баъд аз ҳунарнамоии куллияи 39 тим мушаххас мешавад.

Аз 1 то 15 август дар чаҳорчӯби "Бозиҳои низомии байналмиллалии — 2015" дар 11 размоишгоҳ — дар ҳудуди се ҳавзаи низомӣ — Ғарбӣ, Ҷанубӣ ва Марказӣ, аз Сибир то Кубан дар қаламрави 10 воҳиди маъмурии Федератсияи Русия 14 озмуни ҳунари саҳроӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ баргузор мешаванд.

Дар "АРМИ-2015" 57 тим аз 17 кишвар ва 20 гурӯҳи нозирон аз шаш кишвари қораҳои Аврупо, Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0