Чатрбозон ва маъмурони вижаи тоҷик дар тамриноти СПАД ширкат мекунанд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкЧархболҳои низомӣ дар тамринот. Акс аз бойгонӣ
Чархболҳои низомӣ дар тамринот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чатрбозон ва маъмурони ниҳодҳои вижаи тоҷик дар тамриноти СПАД таҳти фармондеҳии Владимир Шаманов дар поёни моҳи август ширкат мекунанд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Гурӯҳи маъмурони Ситоди кулл ва дастаи чатрбозони нерӯҳои вокуниши сареъи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар тамриноти Нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД дар вилояти Псков ширкат мекунанд, хабар медиҳад CA-News бо истинод ба вазорати дифоъи ҶТ.

Тамриноти "Ҳамгиройӣ-2015" аз 22 то 28 август дар пойгоҳи Нерӯҳои ҳавоиву чатрбозони Русия баргузор мешавад.

Сарвари МТС: аз хатари "ДИ" моро СПАД ҳимоят менамояд

Фармондеҳии кулли тамринотро фармондеҳи нерӯҳои ҳавоиву чатрбозии ФР генерал-полковник Владимир Шаманов бар ӯҳда дошта раҳбарии мустақими тамринот бар дӯши муовини фармондеҳи нерӯҳои ҳавоиву чатрбозии дар умури амалиёти башардӯстона генерал-майор Александр Вязников вогузор шудааст.

Дар ин тамринот ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД — Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0