СПАД тариқи ҳавопаймоҳо неруҳои низомиро интиқол дода метавонад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкТамриноти СПАД. Акс аз бойгонӣ
Тамриноти СПАД. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои ҳалли муноқишаҳои низомӣ дар нуқтаҳои доғ дар чорчӯби СПАД ин сохтор тасмим дорад, гурӯҳи зудамали авиатсионии интиқоли низомиёнро таъсис диҳад.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Неруҳои муштараки ҳавоии СПАД дар наздиктарин фурсат созмон меёбанд, ҳоло баҳсу баррасии пешниҳодот идома дорад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба муовини Дабири созмони мазкур Валерий Семериков.

Чатрбозон ва маъмурони вижаи тоҷик дар тамриноти СПАД ширкат мекунанд

"Мо пешниҳодотро ҷиҳати таъсис неруҳои муштараки ҳавоӣ барои интиқоли низомиён ба мавзеъҳои даргирӣ ҳаллу фасл карда, онро ба СПАД ироа доштем",- иброз дошт рӯзи якшанбе вай аснои сӯҳбат бо хабарнигорон.

Ба қавли ӯ, неруҳои муштараки ҳавоӣ барои он зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар ба нуқтаи доғ гурӯҳҳои зудамал интиқол ёбанд.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамӣ 15 майи соли 1992 дар асоси тавофуқоти кишварҳои узви ИДМ таъсис ёфта, баъди хориҷ шудани Ӯзбакистон аз СПАД Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомили он мебошанд.   

Лентаи хабарҳо
0