22:01 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Нобудсозии маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе беш аз 1 тонна маводи мухаддиро оташ заданд

© Sputnik / Александр Алпаткин
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Беш аз 1 тонна маводи гуногуни мухаддир дар Тоҷикистон бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, беш аз 1 тона маводи гуногуни мухаддир, ки аз гуруҳои қочоқбар дар қаламрави кишвар мусодира гардида буд, оташ зада шуданд, омадааст дар хабари дафтари матбуотии ин ниҳод.

Ба иттилоъи манбаъ, ин миқдори маводи мухаддир аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва иштироки намояндагони мақомотҳои судию прокуратура ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма рӯзи душанбе дар оташдони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе нобуд карда шуд.

"Зимнан 43 кило ҳероин, 128 кило маводи нашъадори афюн, беш аз 310 кило бангдона, 401 кило ҳашиш, 18 бех ниҳолҳои худрӯйи бангдона, 45 адад ҳабҳои нашъадор ва дигар намудҳои маводҳои мухаддиру воситаҳои психотропӣ маҳв карда шуд",-афзудааст сарчашмаи хабар.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар 2 тоннаву 666 кг маводи мухаддир мусодира шудааст, ки аз ин миқдор 1 тоннаву 377 килограмм ё 51,6 фоиз ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд.

Барчаспҳо:
дар оташ партофтанд, беш аз 1 тонна нашъа нобуд карда шуд, сӯзонидани маводи мухаддир, маводи мухаддир, ВКД ҶТ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ