Раҳмон: ҳифзи сарҳад беш аз ҳарвақта ҳушёриро талаб мекунад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати ҶТ, 21 январи соли 2016
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати ҶТ, 21 январи соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нишаст ба таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ, самарабахш ба роҳ мондани машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ бо раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ таъкид кард, ки ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон беш аз ҳарвақта омодагии доимӣ ва касбиро талаб мекунад, омадааст дар хабари нашршуда дар сомонаи расмии сардори давлат.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент, субҳи имрӯз роҳбари кишвар бо роҳбарони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомоти дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД. 2 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҶТ: тақвияти сарҳад бо ҶИА хатарҳоро аз байн мебарад

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи нигаронкунандаи минтақа ва ҷаҳон масоили вобаста ба пурзӯр намудани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Ҳамзамон, дар машварат ба таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ, самарабахш ба роҳ мондани машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

"Ҳифзи боэътимод аз марзи давлатӣ бо давлати исломии Афғонистон аз сохторҳои дахлдори кишвар беш аз ҳарвақта омодагии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва маҳорату малакаи баланди касбиро талаб мекунад",- иброз дошт раисҷумҳур.

Дар робита ба таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз тавсиаи ифротгароӣ таъкид гардид, ки бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла бо омӯзгорон ва мактаббачагону донишҷӯён, аҳли илму фарҳанг, ходимону олимони дин, сиёсатмадорону ҷомеашиносон ва дигар фаъолони ҷомеа доир ба пешгирӣ аз гумроҳсозии наврасону ҷавонони ноогоҳ бояд ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад.

Лентаи хабарҳо
0