11:47 27 марти 2017
Пахши мустақим
Байрақи Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Русия манбаъи даромади “ДИИШ”-ро дар Афғонистон ошкор месозад

© Sputnik /
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Даромади умумии гурӯҳи террористии ДИИШ аз Афғонистон танҳо 30%-и хароҷоти буҷаи онҳоро мепӯшонад, 70%-и маблағгузориро онҳо аз хориҷа ба даст меоранд, изҳор дошт намояндаи махсуси президенти ФР дар Афғонистон Замир Кобулов.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Русия дар бораи манбаъҳои маблағгузории гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) далел ҷамъ оварда, маълумотро ба созмонҳои байналмиллалӣ пешниҳод менамояд, гуфт намояндаи махсуси президенти ФР дар Афғонистон Замир Кабулов.

"Мо дар бораи манбаъи даромади гурӯҳи террористии ДИИШ саволҳои зиёд дорем",-изҳор дошт дипломати рус.

"Ин ҷо дар толор ҳамкоронамон аз кумитаи Шӯрои амнияти СММ ҳузур доранд. Мо бо онҳо масъалаи маблағгузории  ДИИШ-ро  муҳокима намуда ҳисоб карда ба хулоса омадем, ки даромади террористон аз Афғонистон танҳо 30%-и хароҷоташонро мепӯшонад. 70%-и дигар бошад ба буҷаи "Давлати исломӣ" аз хориҷ ворид мегардад. Ин масъала бароямон хеле ҷолиб аст. Хомӯшии мо ин замон аз бомасъулият буданамон дарак медиҳад. Сараввал мо маълумотро дар бораи манбаъи даромади гурӯҳи ҷиноятпеша ҷамъ меорем ва баъдан ба созмонҳои ҷаҳонӣ пешниҳод хоҳем кард",-шарҳ дод ӯ.

Мавзуъ

Додгоҳи олӣ “Давлати исломӣ”-ро террористӣ эълон кард
Барчаспҳо:
манбаъҳои даромад, созмонҳо, маблағгузорӣ, ДИИШ, СММ, Замир Кобулов, Афғонистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ