13:17 12 декабри 2017
Пахши мустақим
Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Дар Афғонистон наздики 30 ҷангии Давлати Исломӣ нобуд карда шуданд

© AFP/ Noorullah Shirzada
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Низомиёни Афғонистон рӯзи шанбе ба террористони гурӯҳи Давлати Исломӣ ҳуҷум намуда, 27 нафари онҳоро нобуд сохтанд. Корманди мақомоти давлатӣ қайд намуд, ки миёни ҷангиён шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд, вале дар бораи аз кадом кишварҳо будани онҳо хабар дод нашуд .

ДУШАНБЕ, 20 июня — Sputnik. Дар пайи ҳуҷуми ҳавоӣ дар вилояти Нангаҳори Афғонистон низомиён наздики 30 тан ҷангии Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро нобуд карданд.

Ба гуфти ҳокими яке аз вилоятҳои Афғонистон Аттоулло Когуани 27 ҷангии гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) рӯзи шанбе аз ҷониби низомиён нобуд карда шуданд. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки миёни кушташудагон шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.

Вазорати мудофиаи Афғонистон ҳамчунин хабар дод, ки дар сарҳади Афғонистону Покистон низ чанд террористи  Давлати Исломӣ нобуд карда шуданд.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ