Зодаи Осиёи Марказӣ дар Самара мақсади ташкили амалиёти террорстӣ дошт

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкСотрудники полиции в Самаре. Архивное фото
Сотрудники полиции в Самаре. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз дастгиршуда ноутбук ва даҳҳо сим кортҳо мусодира намуданд. Эҳтимол меравад, ки вай бо ёрии онҳо бо аъзоёни ДИ муошират мекард. Ҳоло вай мард гуноҳи худро иқрор шуда истодааст ва бо тафтишот ҳамкорӣ карда истодааст.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik.  Марде, ки дар Самара дастгир шуд, зодаи Осиёи Марказӣ буда, 34 сола аст. Вай бо шаҳрвандони Русия ва ИДМ, ки дар ҳудуди гурӯҳи  бо ном ДИ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) ҷанг карда истодаанд,  алоқа доштааст, хабар додааст ба  РИА Новости манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа.

"Мувофиқи маълумотҳои мо, дастгиршуда бо шаҳрвандони Русия ва ИДМ, ки дар дастаи ДИ ҷанг карда истодаанд,  алоқа доштааст. Ҳоло шахсияти аъзоёни ДИ, ки мард бо онҳо муносибат дошт, муайян карда шуда истодааст",- шарҳ дод, корманди оҷонсӣ.

Мувофиқи маълумоти манба кормандони РХФАР(Раёсати хадамоти бехатарии амнияти Русия) дар вилояти Самара аз марди гумонбаршудаи  34 сола ғайр аз маводи тарканда ва милтиқи Калашников шиносномаҳои давлатҳои гуногун дарёфт намуданд. Ҳамаи онҳо сохта мебошанд. Ҳамчунин аз дастгиршуда ноутбук ва даҳҳо сим-корт мусодира шуд. Гумон меравад, ки ӯ бо аъзоёни гурӯҳи муташаккил тавассути  ин сим-кортҳо ба алоқа мебаромад.

Чуноне ки манбаъ ба РИА Новости хабар додааст, ҳоло мард гуноҳи худро ба гардан гирифта бо тафтишот ҳамкорӣ карда истодааст. Бо далели дарёфти силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ парванда ҷиноӣ кушода шуда истодааст. Санаи гузаронидани ташхис муайян карда шуда,  санҷиши пешакӣ гузаронида шуда истодааст.

Пештар хабар дода шуда буд, ки санаи 18-уми август кормандони ХФАР аз марди 34 солаи зодаи Осиёи Марказӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Самара оташфишонҳо ба вазни 1,8 кг, автомати Калашников, адабиёти ифродгароӣ ва савганд ба роҳбари ДИ гирифта шудааст.  Мувофиқи маълумотҳои манбаъ мард тибқи парвандаи кӯшиши гузаронидани амалиёти террористӣ дар яке аз шаҳрҳои Ноҳияи федералии Волга дастгир шудааст. Тахминан вай фармоишгари тахрибкорӣ аст. Вобаста ба ин парванда дигар аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор низ дастгир шуданд.

Лентаи хабарҳо
0